Ширкати ҳавоии “Shohin Airlines” аз “Airbus” чаҳор ҳавопаймо мехарад

© AP / Frederic Lancelot Airbus A320. Архивное фото
Airbus A320. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2026
Обуна шудан
Ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон ният дорад барои парвозҳои байналмилалӣ 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus бихарад
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Shohin Airlines” эълон кардааст, ки барои хариди 2 адад ҳавопаймои A320neo ва 2 адад ҳавопаймои A321neo бо ширкати Airbus Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Санади сазкур дар дидору мулоқоти роҳбарияти ширкати “Shohin Airlines” ва Airbus ба имзо расидааст.
“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили харидории 4 адад ҳавопаймои силсилаи Airbus A320neo ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро байни ширкати ҳавопаймоӣ ва яке аз истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии ҳавопаймоҳо баррасӣ карданд”, - қайд кардааст дафтраи матбуоти ширкат.
Қайд карда шудааст, санади мазкур барои таҳкими шарикӣ ва муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд карда шудааст, ки Shohin Airlines ва Airbus ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устуворро касб менамояд.
Авиакомпания Shohin Airlines подписала соглашение с Европейским инвестиционным фондом. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2026
“Шоҳин Эйрланз” барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ 200 миллион доллар қарз гирифт
Таъкид шудааст, ки раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.
“Тавре интизор меравад татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад буд”, - зикр кардааст манбаъ.
Shohin Airlines - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тариқи чархболҳо анҷом медиҳад.
Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0