Аз 18 поён манъ: Дар Тоҷикистон синну соли ба муҳоҷират рафтанро муқарарр карданд

© Sputnik / Павел ЛисицынРабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге.
Рабочие на строительной площадке Центрального стадиона в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Обуна шудан
Қонуни нави муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон ду роҳи ёфтани кор дар хориҷаро фароҳам меорад, аммо танҳо дар синну соли муайян
ДУШАНБЕ, 29 окт- Sputnik. Дар Тоҷикистон расман қонуне ба эътибор даромад, ки синни ҳадди ақалро барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, муқаррар мекунад.
Мувофиқи қоидаҳои нав, муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо барои шахсони аз 18-сола боло иҷозат дода мешавад.
Матни ин ҳуҷҷат дар рӯзномаи парлумонии "Садои мардум" нашр шудааст.
Моддаи 16-уми қонуни нав на танҳо маҳдудияти синну сол, балки талаботро барои тарафи қабулкунанда низ муқаррар мекунад: муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо ба кишварҳое иҷозат дода мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷиронро кафолат медиҳанд.
Чунин кафолатҳо бояд дар созишномаҳои байналмилалӣ ё шартномаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва кишвари хориҷ таъмин карда шаванд.
Маҳдудияти синну соли монанд ба хориҷиёне, ки барои кор ба Тоҷикистон меоянд, низ татбиқ мешавад.
Қонун ду роҳи кор дар хориҷаро пешниҳод мекунад. Аввалин ҷустуҷӯи мустақили кор аст.
Дар ин ҳолат, мақомоти ваколатдори муҳоҷират вазифадор аст, ки ба шаҳрвандон маълумоти пурраро ройгон пешниҳод кунад: дар бораи ҷойҳои холии мавҷуда, сатҳи музди меҳнат, шароити корӣ, талаботи корфармо, инчунин қоидаҳо ва қонунгузории кишвари қабулкунанда.
Рабочий со смартфоном в руках. Иллюсьративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Дар Тоҷикистон барои корҷӯён барномаи мобилии "Hunar" муаррифӣ гардид
Роҳи дуюм ҷалби муташаккилона тавассути агентиҳо ва дигар ниҳодҳое мебошад, ки расман барои кӯмак дар шуғл дар хориҷа ваколатдоранд.
Тибқи маълумоти кунунӣ, тақрибан 350 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.Аксарияти онҳо дар Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0