Ифтитоҳи Беморхонаи байналмилалӣ дар Душанбе, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМеждународный госпиталь в Душанбе.
Международный госпиталь в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2026
Обуна шудан
Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 13 ноябр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Беморхонаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Беморхонаро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад.

"Дар шифохона тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд.
Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳанд, то вақти бештари худро барои беморон масраф кунанд.
Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.
Всемирный день здравоохранения в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2026
Дар панҷ соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ 2,5 маротиба афзудааст
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up) низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳод намуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозии саривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0