https://sputnik.tj/20261026/panj-soli-mablaghguzori-sohai-tandurusti-afzudaast-1081514065.html
Дар панҷ соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ 2,5 маротиба афзудааст
Дар панҷ соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ 2,5 маротиба афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, ки афзоиши маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба беҳтар шудани инфрасохтори тиббӣ, васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо мусоидат кардааст
2026-10-26T12:51+0500
2026-10-26T12:51+0500
2026-10-26T12:51+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
саломатӣ
ҷамолиддин абдуллозода
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/07/1076660886_119:164:3468:2048_1920x0_80_0_0_92ef0d72570bf77329ec1b925c6038ff.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода эълон кард, ки маблағгузории соҳаи тандурустии кишвар дар панҷ соли охир 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.Вай ин изҳоротро дар Саммити ҷаҳонии "Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: Ноил шудан ба рушди устувор ва баробар барои наслҳои оянда", ки дар Самарқанд баргузор шуд, баён кард.Дар ин саммит намояндагони баландпояи Узбекистон, вазирони тандурустии якчанд кишварҳо, шарикони рушд, инчунин мутахассисон ва коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок доштанд.Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон аст.Ӯ изҳор дошт, ки сармоягузорӣ ба сиҳати насли ҷавон сармояи инсониро тақвият медиҳад, рушди устуворро пеш мебарад ва заминаро барои некӯаҳволии наслҳои оянда фароҳам меорад.Вазир инчунин қайд кард, ки таъмини ҳуқуқи кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷониба дар рӯзномаи байналмилалӣ мақоми баландро ишғол мекунад.Ҳалли ин мушкилот талошҳои муштараки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад.Зимни суханронии худ, вай таъкид кард, ки ҳифзи саломатии кӯдакон бояд аз давраи ҳомиладорӣ оғоз шуда, дар тӯли солҳои аввали ҳаёт идома ёбад.Тадбирҳои асосӣ иборатанд аз пешгирии саривақтии бемориҳо, эмгузаронӣ, ошкоркунии барвақти нуқсонҳои инкишофӣ, таъмини дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва беҳтар кардани саводнокии волидон дар соҳаи тандурустӣ.Ба гуфтаи вазир, ин тадбирҳо шароити заруриро барои рушд ва инкишофи сиҳат фароҳам меоранд.Тавре ки Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод, афзоиши 2,5 маротибаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба беҳтар шудани инфрасохтори тиббӣ, васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо мусоидат кардааст.Ғайр аз ин, дар кишвар системаҳои электронӣ барои бақайдгирии таваллуд ва фавт, сабти эмгузаронӣ ва назорати рушди кӯдакон роҳандозӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20260827/gulmahmadzoda-meros-abuali-ibni-sino-ilm-diplomatiya-tandurusti-1079964542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/07/1076660886_408:0:3139:2048_1920x0_80_0_0_570ca2eced01705aa1c35907cae35394.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, саломатӣ, ҷамолиддин абдуллозода, вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон, тандурустӣ, саломатӣ, ҷамолиддин абдуллозода, вазорати тандурустӣ
Дар панҷ соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ 2,5 маротиба афзудааст
Мақомот мегӯяд, ки афзоиши маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба беҳтар шудани инфрасохтори тиббӣ, васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 26 окт - Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода эълон кард, ки маблағгузории соҳаи тандурустии кишвар дар панҷ соли охир 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
Вай ин изҳоротро дар Саммити ҷаҳонии "Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: Ноил шудан ба рушди устувор ва баробар барои наслҳои оянда", ки дар Самарқанд баргузор шуд, баён кард.
Дар ин саммит намояндагони баландпояи Узбекистон, вазирони тандурустии якчанд кишварҳо, шарикони рушд, инчунин мутахассисон ва коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок доштанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон аст.
Ӯ изҳор дошт, ки сармоягузорӣ ба сиҳати насли ҷавон сармояи инсониро тақвият медиҳад, рушди устуворро пеш мебарад ва заминаро барои некӯаҳволии наслҳои оянда фароҳам меорад.
Вазир инчунин қайд кард, ки таъмини ҳуқуқи кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷониба дар рӯзномаи байналмилалӣ мақоми баландро ишғол мекунад.
Ҳалли ин мушкилот талошҳои муштараки давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро талаб мекунад.
Зимни суханронии худ, вай таъкид кард, ки ҳифзи саломатии кӯдакон бояд аз давраи ҳомиладорӣ оғоз шуда, дар тӯли солҳои аввали ҳаёт идома ёбад.
Тадбирҳои асосӣ иборатанд аз пешгирии саривақтии бемориҳо, эмгузаронӣ, ошкоркунии барвақти нуқсонҳои инкишофӣ, таъмини дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва беҳтар кардани саводнокии волидон дар соҳаи тандурустӣ.
Ба гуфтаи вазир, ин тадбирҳо шароити заруриро барои рушд ва инкишофи сиҳат фароҳам меоранд.
Тавре ки Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод, афзоиши 2,5 маротибаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба беҳтар шудани инфрасохтори тиббӣ, васеъ кардани дастрасии аҳолӣ ба хидматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати онҳо мусоидат кардааст.
Ғайр аз ин, дар кишвар системаҳои электронӣ барои бақайдгирии таваллуд ва фавт, сабти эмгузаронӣ ва назорати рушди кӯдакон роҳандозӣ шудаанд.