Тоҷикистон:соҳаи энергетика 37 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардидааст

© Foto / Пресс-служба ТГЭМСтроительство солнечной электростанции "Джайхун" в Хатлонской области.
Строительство солнечной электростанции Джайхун в Хатлонской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Вазири соҳа дар назди вакилони халқ ҳисобот дод. Ба гуфтаи ӯ айни замон татбиқи 20 лоиҳаи дигар бо маблағи 23 млрд сомонӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" қариб 70 фоиз анҷом ёфтаанд. Агрегати сеюми он моҳи сентябри соли 2027 ва агрегатҳои боқимонда то соли 2031 ба кор андохта мешаванд. Инро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Маҷлиси намояндагон гуфт.
Вазир дар бораи вазъи соҳа ва роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии кишвар гузориш дод. Иқтидори лоиҳавии Роғун 3780 мегаватт аст. Ба гуфтаи Ҷумъа, ин лоиҳа барои истиқлоли энергетикӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Вазир гуфт, ки беш аз 2300 мегаватт иқтидори нав сохта шуд ва иқтидори умумии низоми энергетикӣ аз 6700 мегаватт гузашт. Дар ин давра истеҳсоли барқ аз 17,4 млрд киловатт-соат дар соли 1991 то 24 млрд киловатт-соат дар соли 2025 афзуд.
Ҳамчунин талафоти барқ дар 9 моҳи соли 2026 ба 12,5 фоиз расид, ки нисбат ба соли гузашта 2,7 банди фоизӣ камтар аст. Ба ин насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва таҷдиди шабакаҳо мусоидат кардааст.

Норак, офтоб ва пайвастшавӣ ба минтақа

Дар баробари сохтмони иншооти нав, неругоҳҳои кӯҳна низ навсозӣ мешаванд. Пас аз таҷдиди се агрегат иқтидори НБО "Норак" 120 мегаватт зиёд шуд. То соли 2031, пас аз анҷоми пурраи навсозӣ, иқтидори он ба 3375 мегаватт мерасад. Иқтидори неругоҳҳои "Қайроққум", "Сарбанд" ва "Варзоб-1" низ афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон ба манбаъҳои нави энергия низ рӯ меорад. Дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешаванд. То охири соли 2027 сохтмони боз 1000 мегаватт иқтидори офтобӣ ба нақша гирифта шудааст.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2026
Қазоқистон ният дорад, ки аз НБО "Роғун" барқ харад
Вазир инчунин лоиҳаи минтақавии CASA-1000, хати интиқоли барқи "Ҷануб–Шимол" ва пайваст кардани қисми шимолии низоми энергетикии кишварро ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз иқдомҳои муҳим номид.

"Таъмини талаботи иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар ба маҳсулоти сӯзишворӣ, фароҳам овардани захираҳои зарурӣ ва таъмини мунтазаму бефосилаи бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати энергетикии Ҳукумат Тоҷикистон ба ҳисоб меравад", – қайд кард Далер Ҷумъа.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад, ки бояд ба ҷалби сармояи хусусӣ ва рушди бозори рақобатпазири барқ мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0