https://sputnik.tj/20261112/piyoz-tojik-bozor-rusiya-sodirot-20-1082081389.html
Содироти пиёз аз Тоҷикистон камтар, вале даромад аз он бештар шудааст
Содироти пиёз аз Тоҷикистон камтар, вале даромад аз он бештар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон истеҳсоли пиёз афзоиш ёфта, ҷумҳурӣ онро ба хориҷ бо нархи гаронтар ба фурӯш баровардааст
2026-11-12T18:55+0500
2026-11-12T18:55+0500
2026-11-12T18:12+0500
дар тоҷикистон
маҳсулоти полезӣ
пиёз
русия
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082098862_0:23:3072:1751_1920x0_80_0_0_a76dc3b881e37eb918b0922e26dad54c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тоҷикистон содироти пиёзро камтар вале даромад аз онро бештар ба даст овардааст.Ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи гузашта ба хориҷи кишвар 21,4 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 5,2 млн доллар фиристод, хабар медиҳад Хадамоти гумруки кишвар.Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли қаблӣ содирот зиёд, аммо даромад камтар буд.Яъне ҷумҳурӣ он замон 25,5 ҳазор тонна пиёзро ба маблағи 4,7 млн доллар ба хориҷ фурӯхт.Дар ҳамин ҳол ҳукумат нақша дорад, ки содироти пиёзро афзоиш диҳад.Тибқи пешгӯиҳо, дар умум соли ҷорӣ содирот бояд то 35 ҳазор тонна ва дар солҳои 2027–2028 то 43 ҳазор тонна расад.Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки истеҳсоли ин маҳсулот дар кишвар то аввали октябр беш аз ним миллион тоннаро ташкил дод.Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ тақрибан 67 ҳазор тонна зиёд аст.
https://sputnik.tj/20261014/tojikiston-sodirot-mol-rusiya-qarib-1081177321.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082098862_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_cfc9394b82278093387740ba3039de2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҳсулоти полезӣ, пиёз, русия, содирот
дар тоҷикистон, маҳсулоти полезӣ, пиёз, русия, содирот
Содироти пиёз аз Тоҷикистон камтар, вале даромад аз он бештар шудааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли пиёз афзоиш ёфта, ҷумҳурӣ онро ба хориҷ бо нархи гаронтар ба фурӯш баровардааст
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тоҷикистон содироти пиёзро камтар вале даромад аз онро бештар ба даст овардааст.
Ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи гузашта ба хориҷи кишвар 21,4 ҳазор тонна пиёз ба маблағи 5,2 млн доллар фиристод, хабар медиҳад Хадамоти гумруки кишвар.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли қаблӣ содирот зиёд, аммо даромад камтар буд.
Яъне ҷумҳурӣ он замон 25,5 ҳазор тонна пиёзро ба маблағи 4,7 млн доллар ба хориҷ фурӯхт.
Дар ҳамин ҳол ҳукумат нақша дорад, ки содироти пиёзро афзоиш диҳад.
Тибқи пешгӯиҳо, дар умум соли ҷорӣ содирот бояд то 35 ҳазор тонна ва дар солҳои 2027–2028 то 43 ҳазор тонна расад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки истеҳсоли ин маҳсулот дар кишвар то аввали октябр беш аз ним миллион тоннаро ташкил дод.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ тақрибан 67 ҳазор тонна зиёд аст.