Тоҷикистон содироти мол ба Русияро қариби 46% афзоиш додааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТранспортно-логистический центр "Артем" в Приморье
Транспортно-логистический центр Артем в Приморье  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Обуна шудан
Дар баробари ин, Тоҷикистон хариди мол аз Русияро 10% афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Тоҷикистон содироти мол ба Русияро қариби 46% афзоиш додааст.
Аз Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи аввали соли равон ба Русия ба маблағи беш аз 118 млн доллар мол содир карда шудааст.

Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 81 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Дар баробари ин, додугирифти Тоҷикистону Русия дар нуҳмоҳаи аввали соли равон беш аз 1,9 млрд долларро ташкил додааст.

Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта камтар аз 1,7 млрд доллар буд, бармеояд аз омори гумруки Тоҷикистон.

Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон аз миёни кишварҳои узви ИИАО боқӣ мондааст. Тоҷикистон хариди мол аз Русияро 10% афзоиш додааст.

Ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи аввали соли равон аз Русия ба маблағи беш аз 1,77 млрд доллар маҳсулот ворид кардааст, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.

Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 1,6 млрд долларро ташкил медод.
Заглушка к инфографике - Топ-10 стран, куда экспортировал Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Аз Чин то Русия: даҳ кишвари асосии харидори молҳои Тоҷикистон маълум шуд
Тибқи маълумоти Агентии омори кишвар, Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2026 қариб 1,97 млрд доллар содирот ба даст овардааст.
Афзоиши содирот асосан аз ҳисоби: маҳсулоти маъданӣ - 1,5 маротиба, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо - 186,4 млн доллар, маҳсулоти кимиёвӣ - 1,5 маротиба, маҳсулоти растанӣ - 6,5%, матоъ ва маҳсулоти нассоҷӣ - 30%, нахи пахта - 34,4%, мошинҳо, таҷҳизот, механизмҳо, қисмҳои онҳо ва ғайра - 4 маротиба, маҳсулоти санг, гипс ва семент - 5 маротиба, воситаҳои нақлиёт - 3 маротиба.
Лентаи хабарҳо
0