Эрон қасд дорад ҳамкориҳоро бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақвият диҳад

© Sputnik / / Nigohi AsrНациональная библиотека Таджикистана в Душанбе.
Национальная библиотека Таджикистана в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Вилояти Хуросони Эрон талош дорад бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро тақвият диҳад
Душанбе, 12 ноябр – Sputnik. Фарҳангиёни Эрон мехоҳанд шумораи китобҳои форсиро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон афзоиш диҳанд.
Дар ин бора, Ғуломҳусайн Музаффарӣ, устондори Хуросони Эрон, дар мусоҳиба бо хабаргузории ISNA гуфтааст.
Ӯ афзуда, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон хеле калон ва арзишманд аст, аммо шумораи китобҳои форсӣ дар он кам аст. Аз сӯи дигар, хатти расмии истифодашуда дар Тоҷикистон форсӣ нест ва ин аҳамияти тақвияти робитаҳои фарҳангиро афзоиш медиҳад.
"Пешниҳоди мо ин аст, ки нусхаи китобҳоеро, ки дар кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои адабиёт, тамаддун, таърих ва забон нашр шудаанд, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим кунем, то ки дар он ҷо маҷмӯаи китобҳо ва асарҳои форсӣ, ки ба фарҳанг ва тамаддуни Эрон алоқаманданд, афзоиш ёбад", - гуфт ӯ.
Устондори Хуросони Разавӣ гуфт, чун Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, дар Тоҷикистон таваллуд шудааст ва қабри ӯ низ дар он кишвар ҷойгир аст, мо гуфтушунидҳое доштем, то робитаҳои фарҳангии байни ду кишварро тақвият диҳем, илова бар робитаҳои байни Фирдавсӣ ва Рудакӣ.
"Баргузории ҳарсолаи ҳафтаҳои фарҳангии тоҷикон дар Хуросони Разавӣ ва ҳафтаҳои фарҳангии Хуросони Тоҷикистон як зарурати ҷиддӣ аст. Мо аз нигоҳи расму оинҳо, маросимҳо ва анъанаҳо ба якдигар хеле наздикем ва тақвияти ин робитаҳо метавонад таъсири бузурге расонад", - гуфт ӯ.
Уборка хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Афзоиши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар занҷираи пунбаву нассоҷӣ
Сарвари Хуросони Разавӣ низ ба баргузории Ҳафтаи синамои Эрон дар Тоҷикистон ишора карда онро низ бахше аз таҳкими фарҳанги миёни ду кишвар арзёбӣ кард.
"Ин як мисоли дигари имконоти мавҷуда барои рушди муносибатҳои фарҳангӣ аст. Ҳар қадар мо барои ин муошират вақти бештар сарф кунем ва сафарҳоро афзоиш диҳем, ҳамон қадар таъсири мусбати он бештар хоҳад буд", - хулоса кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0