https://sputnik.tj/20260813/afzoishi-hamkorihoi-eron-tojikiston-punbavu-nassoji-1079627244.html
Афзоиши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар занҷираи пунбаву нассоҷӣ
Афзоиши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар занҷираи пунбаву нассоҷӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори эронӣ мегӯяд, ки дар солҳои ахир Эрон ба яке аз бозорҳои муҳими содиротиипунбаи Тоҷикистон табдил шудааст 13.08.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-08-13T10:41+0500
2026-08-13T10:41+0500
2026-08-13T10:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
пахта
санъати нассоҷӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101573/81/1015738185_0:241:2034:1385_1920x0_80_0_0_f521207913351dc9778104dea510b4e4.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Маҳмадалӣ Амирфахриён роизани бозаргони Эрон дар Тоҷикистон гуфт бо ишора ба зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи Тоҷикистон дар тавлиди пунба изҳор кард, ки ин кишвар бо бархурдорӣ аз собиқаи тулонӣ дар тавлиди пунба ва зарфиятҳои мавҷуд дар бахши кишоварзӣ, яке аз тавлидкунандагони муҳими пунба дар минтақаи Осиёи марказӣ маҳсӯб мешавад.Вай гуфт, дар солҳои ахир бо тавваҷуҳ ба тавсеаи равобити иқтисодии миёни ду кишвар, Эрон ба яке аз бозорҳои муҳими содироти пунбаи Тоҷикистон табдил шудааст.“Таъмини пойдори пунба мавриди ниёзи саноеи нассоҷии Эрон, яке аз меҳварҳои муҳими ҳамкории миёни ду кишвар аст ва шаклгирии ин иртиботи тиҷорӣ метавонад илова бар таъмини маводи аввалияи мавриди ниёзи тавлидкунандагони эронӣ, заминаро барои тавсеаи ҳамкориҳои санъатӣ, интиқоли фанноварӣ ва эҷоди арзиши афзудаи муштарак фароҳам кунад”, - афзуд вай.Ройзани бозаргонии Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки сиёсатҳои санъатии ин кишвар ба самти коҳиши содироти маводи хому тавсеаи фароварии дохилӣ ҳаракат кардааст, вай тасреҳ кард, ки давлати Тоҷикистон барномаҳоеро барои тавсеаи занҷираи комили санъати нассоҷӣ аз тавлиди пунба то нах, порча ва пушок дунбол мекунад.Вай илова кард, ки Тоҷикистон дар ин масир, ба дунболи ҷазби сармоягузорӣ, фанноварӣ ва мушорикати ширкатҳои тавонманди хориҷӣ аст.Ёдовар мешавем, ки Эрон харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон мебошад.Зарфи шаш моҳи гузашта, Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 73,5 млн доллар нахи пахта содирот кардааст.Ин нисбат ба 6 моҳи соли 2025 18, 9 млн доллар зиёд мебошад, гуфт Агентии содироти кишвар.Ба иттилои манбаъ, нахи пахта асосан ба Эрон 61,8%, Туркия 25,5%, Чин 8%, Русия 3%, Узбекистон 1,1%, Латвия 0,4% ва АМА 0,2% содирот шудааст.
https://sputnik.tj/20260410/tojikiston-pakhta-korida-1076730555.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101573/81/1015738185_0:50:2034:1576_1920x0_80_0_0_c34a045e27b1d3c3699b58477e2c3002.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, пахта, санъати нассоҷӣ, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, пахта, санъати нассоҷӣ, кишоварзӣ
Афзоиши ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар занҷираи пунбаву нассоҷӣ
Мақомдори эронӣ мегӯяд, ки дар солҳои ахир Эрон ба яке аз бозорҳои муҳими содиротиипунбаи Тоҷикистон табдил шудааст
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Маҳмадалӣ Амирфахриён роизани бозаргони Эрон дар Тоҷикистон гуфт бо ишора ба зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи Тоҷикистон дар тавлиди пунба изҳор кард, ки ин кишвар бо бархурдорӣ аз собиқаи тулонӣ дар тавлиди пунба ва зарфиятҳои мавҷуд дар бахши кишоварзӣ, яке аз тавлидкунандагони муҳими пунба дар минтақаи Осиёи марказӣ маҳсӯб мешавад.
Вай гуфт, дар солҳои ахир бо тавваҷуҳ ба тавсеаи равобити иқтисодии миёни ду кишвар, Эрон ба яке аз бозорҳои муҳими содироти пунбаи Тоҷикистон табдил шудааст.
“Таъмини пойдори пунба мавриди ниёзи саноеи нассоҷии Эрон, яке аз меҳварҳои муҳими ҳамкории миёни ду кишвар аст ва шаклгирии ин иртиботи тиҷорӣ метавонад илова бар таъмини маводи аввалияи мавриди ниёзи тавлидкунандагони эронӣ, заминаро барои тавсеаи ҳамкориҳои санъатӣ, интиқоли фанноварӣ ва эҷоди арзиши афзудаи муштарак фароҳам кунад”, - афзуд вай.
Ройзани бозаргонии Эрон дар Тоҷикистон бо баёни ин ки сиёсатҳои санъатии ин кишвар ба самти коҳиши содироти маводи хому тавсеаи фароварии дохилӣ ҳаракат кардааст, вай тасреҳ кард, ки давлати Тоҷикистон барномаҳоеро барои тавсеаи занҷираи комили санъати нассоҷӣ аз тавлиди пунба то нах, порча ва пушок дунбол мекунад.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон дар ин масир, ба дунболи ҷазби сармоягузорӣ, фанноварӣ ва мушорикати ширкатҳои тавонманди хориҷӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки Эрон харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон мебошад.
Зарфи шаш моҳи гузашта, Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 73,5 млн доллар нахи пахта содирот кардааст.
Ин нисбат ба 6 моҳи соли 2025 18, 9 млн доллар зиёд мебошад, гуфт Агентии содироти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, нахи пахта асосан ба Эрон 61,8%, Туркия 25,5%, Чин 8%, Русия 3%, Узбекистон 1,1%, Латвия 0,4% ва АМА 0,2% содирот шудааст.