Ба занони муҳоҷири тоҷик дар Русия қоидаҳои нави буду бош фаҳмонида шуд

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаШвейное производство. Иллюстративное фото
Швейное производство. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, қоидаҳои тозаи буду бош фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат ахиран бо бонувони муҳоҷири тоҷик, вохӯрии машваратӣ гузарониданд.
Зиёда аз 40 бонувон дар яке аз корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Твер фаъолияти меҳнатӣ доранд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии намояндагӣ.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот масъалаҳои тағйирот дар қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия бо бонувон баррасӣ шудааст.
Намояндагони Вазорат аз ҷумла:
тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иқомат ва фаъолияти меҳнатӣ,
гирифтани патент,
пардохтҳои ҳатмӣ,
бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо,
ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ба бонувон фаҳмонидаанд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд.
Намояндагӣ баргузории чунин мулоқотҳоро дар минтақаҳои гуногуни Русия бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ идома дода истодааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран хабар дода шуд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия аз соли оянда вазифадор мешаванд, ки барои ҳар як узви оилаашон, ки бо худ меоранд, андоз пардохт кунанд.

Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод шудааст.
Рейд в Красноярске по выявлению незаконных мигрантов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Маълум шуд, вуруди чанд шаҳрванди хориҷӣ ба Русия манъ карда шудааст
Дар сурати қабул гардидан, он барои шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, як монеаи молиявӣ эҷод мекунад, то онҳо хешовандони корнакунандаи худро бо худ наоранд, изҳор дошт вазири корҳои дохилии Русия.
Қаблан Вазорати меҳнат ҳушдор дода буд, ки аз 3 ноябри соли 2026 асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони Русия зиёд карда мешавад.
Вазорат таъкид кард, ки қонуни қабулшуда шумораи ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки барои содир кардани онҳо аз қаламрави кишвар депортатсия пешбинӣ шудааст, аз 22 то 45 зиёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0