Маълум шуд, вуруди чанд шаҳрванди хориҷӣ ба Русия манъ карда шудааст

© Sputnik / Илья Наймушин
/ Обуна шудан
Мақомоти Русия ахиран омори теъдоди шаҳрвандони мамнуъулвурудро ироа кард
ДУШАНБЕ, 11 ноябр — Sputnik. Вуруди беш аз 290 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Русия аз аввали сол манъ карда шудааст.
Дар ин бора, вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколсев гузориш дод.
Ба гуфтаи ӯ, тӯли се соли пас аз ҷорӣ шудани механизми бекор кардани шаҳрвандӣ, ин чора нисбат ба беш аз 5 ҳаз. нафар татбиқ гардидааст.
Дар баробари ин, тақрибан 7 ҳаз. шаҳрванди хориҷӣ, ҳамроҳ бо фарзандонашон, ба сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубош кишварро тарк кардаанд.
Илова бар ин, Колоколсев изҳор дошт, ки аз оғози соли 2026 беш аз 3,5 ҳаз. ҷинояти марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешгирӣ карда шудааст.

Дар баробари ин вазир иттилоъ дод, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия аз соли оянда вазифадор мешаванд, ки барои ҳар як узви оилаашон, ки бо худ меоранд, андоз пардохт кунанд.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод шудааст.
Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод шудааст.
Дар сурати қабул гардидан, он барои шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, як монеаи молиявӣ эҷод мекунад, то онҳо хешовандони корнакунандаи худро бо худ наоранд, изҳор дошт вазири корҳои дохилии Русия.
"Аз соли 2027 сар карда, барои ҳар як узви оила, ки ҳамроҳ меояд, андози иловагӣ ҷорӣ хоҳад шуд", - изҳор дошт Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи "соати ҳукуматӣ" дар Шӯрои Федератсияи Русия.
Қаблан Вазорати меҳнат ҳушдор дода буд, ки аз 3 ноябри соли 2026 асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони Русия зиёд карда мешавад.
Вазорат таъкид кард, ки қонуни қабулшуда шумораи ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки барои содир кардани онҳо аз қаламрави кишвар депортатсия пешбинӣ шудааст, аз 22 то 45 зиёд мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи аввали соли 2026 494,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор вориди Русия шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9% камтар аст.