Маълум шуд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҷойи кори расмӣ пайдо кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевСтроители на стройке нового дома
Строители на стройке нового дома  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2026
Обуна шудан
Аз аввали соли 2026 дар Русия ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба кор даромаданд
ДУШАНБЕ, 31 окт- Sputnik. Давоми даҳ моҳи аввали соли 2026 дар қаламрави Русия беш аз 9 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон бо кори доимӣ ва шароити муносиби кор таъмин гардиданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар Русия хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ин давра мустақиман ба созмон муроҷиат кардаанд, барои баргардонидани 32,5 млн рубл маоши пардохтнашуда кӯмак карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар доираи ин фаъолият намояндагӣ мунтазам бо корхонаҳои Русия гуфтушунид мегузаронад, ки дар ҷараёни он масъалаҳои ҷалби кадрҳо, муайян намудани шумораи ҷойҳои холӣ, инчунин мутобиқати шаҳрвандони Тоҷикистон ба талаботи бозор мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
"Яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки намояндагӣ мусоидат ба шуғл, таъмини шароити муносиби кор, кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад", - таъкид шудааст дар гузориш.
Илова бар ин, Намояндагӣ мунтазам чорабиниҳо мегузаронад, ки дар доираи онҳо дар бораи тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ маълумот медиҳад ва инчунин раванди фароҳам овардани имкониятҳои нав барои шуғли қонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро фаъол месозад.
Рабочий со смартфоном в руках. Иллюсьративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Дар Тоҷикистон барои корҷӯён барномаи мобилии "Hunar" муаррифӣ гардид
Вазорат ёдовар шуд, ки барои шахсоне, ки дар қаламрави Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, бастани шартномаи расмии меҳнатӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва дар хотир доштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо муҳим аст.
Қаблан Вазорати меҳнат ҳушдор дода буд, ки аз 3 ноябри соли 2026 асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони Русия зиёд карда мешавад.
Вазорат таъкид кард, ки қонуни қабулшуда шумораи ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки барои содир кардани онҳо аз қаламрави кишвар депортатсия пешбинӣ шудааст, аз 22 то 45 зиёд мекунад.
Лентаи хабарҳо
0