Раиси Маҷлиси намояндагон сафири нави Белорусро ба ҳузур пазируфт

© Foto / Пресс-служба Маджлиси Олии Республики таджикистанПредседатель Меджлиси Намояндагон Меджлиси Оли Республики Таджикистан Файзали Идизода принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Республики Беларусь в Республике Таджикистан Александра Худолева.
Председатель Меджлиси Намояндагон Меджлиси Оли Республики Таджикистан Файзали Идизода принял Чрезвычайного и Полномочного Посла Республики Беларусь в Республике Таджикистан Александра Худолева.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Файзалӣ Идизода Сафири Фавқулода ва Мухтори Беларус дар Тоҷикистон Худолеев Александрро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 11 ноябр – Sputnik. Сафири кишвари Беларус меҳмони органи олии қонунгузории Тоҷикистон гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Файзалӣ Идизода Сафири Фавқулода ва Мухтори Беларус дар кишвар Худолеев Александрро ба ҳузур пазируфт.
Файзалӣ Идизода доир ба дӯстии байни халқи белорус ва тоҷик ва муносибатҳои шарикии стратегии кишварҳо ишора кард.
Ӯ гуфт:”муносибатҳои дуҷонибаи мо дар заминаи иродаи сиёсии қавӣ, талоши пайгиронаи Президенти Тоҷикистон ва Президенти Беларус пайваста рушду такомул меёбанд. Маҷлиси намояндагон барои роҳ мондан ва таҳкими робитаҳои мунтазаму созанда бо Палатаи намояндагони Беларус манфиатдор мебошад”
Ҳамкорӣ дар самти пешбурди рӯзномаи глобалии рушди устувор байни Тоҷикистон ва Белорус густариш меёбад.
Александр Худолеев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2026
Сафири Белорус аз афзоиши 30 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон хабар дод
Дар баробари ин нақши намояндагиҳои дипломати дар таҳкими робитаҳои байни кишварҳо махсус таъкид шуд.
Дар айни замон имконоти мавҷудаи ҳамкориҳо байни кишварҳоямон ҳанӯз ба таври пурра истифода нашудаанд, ки дар оянда барои рушду таҳкими ҳамаҷониба кӯшиш хоҳем намуд, -изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Файзалӣ Идизода.
Лентаи хабарҳо
0