https://sputnik.tj/20261021/safiri-belorus-afzoishi-taboduli-kolo-tojikiston-1081374674.html
Сафири Белорус аз афзоиши 30 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон хабар дод
Сафири Белорус аз афзоиши 30 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Белорус дар солҳои охир босуръат рушд ёфта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар зиёд шудааст
2026-10-21T12:41+0500
2026-10-21T12:41+0500
2026-10-21T14:35+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
додугирифт
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/15/1081391197_0:316:1024:892_1920x0_80_0_0_2767c987a5cf18c6e1e1b1e6ee172db8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Сафири Белорус дар Тоҷикистон Александр Худолеев бар он аст, ки оғози парвозҳои мустақим миёни Минск ва Душанбе имкониятҳоро барои афзоиши сайёҳӣ, бахусус дар бахши табобатию санаториӣ ва барномаҳои фарҳангӣ фароҳам меорад.Дипломат қайд кард, ки дар соли 2026 ҳамкории ду кишвар ба сатҳи баландтар расид.Ба гуфтаи вай, гардиши мол қариб 30% афзоиш ёфт. Ӯ инчунин динамикаи мусбати содиротро қайд карда, афзуд, ки имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ ҳанӯз пурра амалӣ нашудааст.Ба гуфтаи сафир, пас аз кушода шудани парвозҳои мустақим байни Минск ва Душанбе, бояд ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад. Ӯ таъкид кард, ки барои шаҳрвандон табобат, беҳтар кардани саломатӣ ва мубодилаи фарҳангӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад.Дар ин соҳаҳо пешниҳодҳои нав шудаанд, ки метавонанд барои шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷолиб бошанд."Табобат сиҳатгоҳ, беҳтар кардани саломатӣ ва ҳамкории фарҳангӣ сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст. Айни замон дар ин соҳа як қатор хидматрасониҳои нав мавҷуданд, ки метавонанд барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Беларус ҷолиб бошанд", - гуфт сафир.Сарвазири Беларус Александр Турчин барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Тоҷикистон сафар карда буд.
https://sputnik.tj/20260924/tojikiston-belarus-moi-logistika-1080665975.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/15/1081391197_0:288:1024:1056_1920x0_80_0_0_b28c6b92f21b7b36ccb818ddd0990f40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, додугирифт, табодули мол
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, додугирифт, табодули мол
Сафири Белорус аз афзоиши 30 дарсадии табодули коло бо Тоҷикистон хабар дод
12:41 21.10.2026 (Навсозишуда: 14:35 21.10.2026) Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Белорус дар солҳои охир босуръат рушд ёфта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Сафири Белорус дар Тоҷикистон Александр Худолеев бар он аст, ки оғози парвозҳои мустақим миёни Минск ва Душанбе имкониятҳоро барои афзоиши сайёҳӣ, бахусус дар бахши табобатию санаториӣ ва барномаҳои фарҳангӣ фароҳам меорад.
“Ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои Белорус ва Тоҷикистон сайёҳиро пеш мебарад ва робитаҳои байни мардуми ду кишварро тақвият медиҳад”, гуфт . Александр Худолеев, сафири Белорус дар Тоҷикистон.
Дипломат қайд кард, ки дар соли 2026 ҳамкории ду кишвар ба сатҳи баландтар расид.
Ба гуфтаи вай, гардиши мол қариб 30% афзоиш ёфт. Ӯ инчунин динамикаи мусбати содиротро қайд карда, афзуд, ки имконоти мавҷудаи ҳамкорӣ ҳанӯз пурра амалӣ нашудааст.
"Дар соли 2026 ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон ба сатҳи нав расид. Гардиши мол қариб 30% афзоиш ёфт. Суръати афзоиши содирот рӯҳбаландкунанда аст. Ман боварӣ дорам, ки тамоми имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди мо ҳанӯз пурра истифода нашудааст", - гуфт Александр Худолеев.
Ба гуфтаи сафир, пас аз кушода шудани парвозҳои мустақим байни Минск ва Душанбе, бояд ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад. Ӯ таъкид кард, ки барои шаҳрвандон табобат, беҳтар кардани саломатӣ ва мубодилаи фарҳангӣ таваҷҷӯҳи зиёд дорад.
Дар ин соҳаҳо пешниҳодҳои нав шудаанд, ки метавонанд барои шаҳрвандони ҳарду кишвар ҷолиб бошанд.
"Табобат сиҳатгоҳ, беҳтар кардани саломатӣ ва ҳамкории фарҳангӣ сазовори таваҷҷӯҳи махсус аст. Айни замон дар ин соҳа як қатор хидматрасониҳои нав мавҷуданд, ки метавонанд барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Беларус ҷолиб бошанд", - гуфт сафир.
Сарвазири Беларус Александр Турчин барои иштирок дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Тоҷикистон сафар карда буд.