Кай дар Тоҷикистон пули рақамӣ ҷорӣ карда мешавад? Посухи БМТ

© Unsplash / Jakub ŻerdzickiЦифровая валюта.
Цифровая валюта.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Коршиносони Бонки миллии Тоҷикистон дурнамои ҷорӣ кардани асъори рақамиро аз нигоҳи зарурати иқтисодӣ ва таъсири он ба сиёсати пулӣ арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳқиқот барои омӯхтани таҳия ва татбиқи асъори рақамӣ барои Бонки Миллӣ идома дорад.
Ин масъаларо БМТ ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
"Бонки миллии Тоҷикистон раванди рушди асъори рақамии бонкҳои марказӣ (CBDC)-ро дар ҷаҳон пайгирӣ намуда, ҷанбаҳои технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии онро мавриди таҳлил қарор медиҳад".
Дар доираи корҳои таҳқиқотӣ масъалаи таҳия ва имкони ҷорӣ намудани асъори рақамии бонки марказӣ низ мавриди омӯзиш қарор дорад, гуфтанд аз БМТ.
Омӯзиши CBDC ва қабули қарор дар бораи ба муомилот баровардани пули рақамӣ ду марҳилаи гуногун мебошанд.
"Нахуст масъалаи мазкур бояд аз нуқтаи назари зарурати иқтисодӣ, таъсир ба сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, киберамният, ҳифзи маълумоти шахсӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ ва самаранокии низоми пардохтӣ ҳамаҷониба баҳогузорӣ карда шавад", - шарҳ доданд дар БМТ.
Цифровой рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Раиси БМТ: Гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ надорад
Ёдовар мешавем, ки қарзгирии бонкҳо аз БМТ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар музоядаи охирин муассисаҳои молиявии Тоҷикистон танҳо 37%-и қарзҳоро аз Бонки Миллӣ гирифтаанд.
Танзимгар сабабҳои паст будани талаботро шарҳ надод.
Лентаи хабарҳо
0