https://sputnik.tj/20260723/raisi-bmt-guzarishi-rusiya-rubli-raqami-tasiri-manfi-1079161215.html
Раиси БМТ: Гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ надорад
Раиси БМТ: Гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ бар Тоҷикистон нахоҳад дошт
2026-07-23T10:41+0500
2026-07-23T10:41+0500
2026-07-23T10:41+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
бмт
рубл
рақамӣ
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079123826_0:182:3151:1954_1920x0_80_0_0_76a6e932999d0b7efbc5a4ff89c3130d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Қарор аст Русия аз аввали сентябри соли ҷорӣ нахустин гомҳоро барои гузариш ба рубли рақамӣ бардорад.Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки гузариш ба рубли рақамӣ як тарҳи озмоишӣ барои Русия ва таҷрибае омӯзанда барои шарикони ин кишвар аст.Қарор аст аз аввали сентябри соли 2026 Русия барномаи гузариши марҳилаӣ ба рубли рақамиро иҷро кунад. Ҳарчанд омори дақиқе аз ҳаҷми интиқолҳои молиявии муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия мунташир нашудааст, аммо бар асоси баровардҳои гуногун, бахши бузурге аз ин маболиғ, наздик ба як савуми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Бар пояи охирин гузориши Бонки Рушди Осиё, яке аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, дар соли ҷорӣ ҳаҷми интиқолҳои молиявии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон се баробар афзоиш ёфтааст.Фирдавс Толибзода таъкид кард, ки ин раванд ҳеч тағйире дар интиқоли маблағҳо эҷод нахоҳад кард ва ҳеч таъсире бар интиқолҳои молиявӣ аз Русия нахоҳад дошт.Иҷрои густардаи барномаи гузариш ба рубли рақамӣ нахуст дар бонкҳои бузург оғоз хоҳад шуд ва дар солҳои баъдӣ дигар бонкҳо ва ҳамчунин соҳибкорони миёна ва хурд тадриҷан ба ин низом хоҳанд пайваст.Бонки Марказии Русия эълом кардааст, ки истифода аз рубли рақамӣ барои шаҳрвандон ихтиёрӣ боқӣ хоҳад монд ва пули нақдӣ ва пули ғайринақдӣ ҳамчунон бидуни ҳеч маҳдудият дар гардиш хоҳанд буд. Ҳар як рубли рақамӣ муодили як рубли нақдӣ ва як рубли ғайринақдӣ хоҳад буд ва интиқоли рубли рақамӣ низ ройгон анҷом хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20260720/bmt-tavarrum-tojikiston-meyori-boztamvil-1079086847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079123826_257:0:2988:2048_1920x0_80_0_0_17c6ea6a2f1ad7eb715d4942fe0352d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, бмт, рубл, рақамӣ, иқтисод, молия
дар тоҷикистон, бонки миллӣ, бмт, рубл, рақамӣ, иқтисод, молия
Раиси БМТ: Гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ надорад
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, гузариши Русия ба рубли рақамӣ ҳеч таъсири манфӣ бар Тоҷикистон нахоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Қарор аст Русия аз аввали сентябри соли ҷорӣ нахустин гомҳоро барои гузариш ба рубли рақамӣ бардорад.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки гузариш ба рубли рақамӣ як тарҳи озмоишӣ барои Русия ва таҷрибае омӯзанда барои шарикони ин кишвар аст.
“Мо низ умедворем, ки ин низоми нав натиҷаҳои мусбат ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Аз ҳамин рӯ, мо ин равандро пайгирӣ мекунем ва дар назар дорем, ки дар ин замина низ фаъолият кунем”, - гуфт ӯ.
Қарор аст аз аввали сентябри соли 2026 Русия барномаи гузариши марҳилаӣ ба рубли рақамиро иҷро кунад. Ҳарчанд омори дақиқе аз ҳаҷми интиқолҳои молиявии муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия мунташир нашудааст, аммо бар асоси баровардҳои гуногун, бахши бузурге аз ин маболиғ, наздик ба як савуми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Бар пояи охирин гузориши Бонки Рушди Осиё, яке аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, дар соли ҷорӣ ҳаҷми интиқолҳои молиявии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон се баробар афзоиш ёфтааст.
Фирдавс Толибзода таъкид кард, ки ин раванд ҳеч тағйире дар интиқоли маблағҳо эҷод нахоҳад кард ва ҳеч таъсире бар интиқолҳои молиявӣ аз Русия нахоҳад дошт.
“Чӣ пули нақдӣ бошад, чӣ рақамӣ ва чӣ ғайринақдӣ, гардиши пул идома хоҳад дошт; пул меояду пул меравад”, - гуфт ӯ.
Иҷрои густардаи барномаи гузариш ба рубли рақамӣ нахуст дар бонкҳои бузург оғоз хоҳад шуд ва дар солҳои баъдӣ дигар бонкҳо ва ҳамчунин соҳибкорони миёна ва хурд тадриҷан ба ин низом хоҳанд пайваст.
Бонки Марказии Русия эълом кардааст, ки истифода аз рубли рақамӣ барои шаҳрвандон ихтиёрӣ боқӣ хоҳад монд ва пули нақдӣ ва пули ғайринақдӣ ҳамчунон бидуни ҳеч маҳдудият дар гардиш хоҳанд буд. Ҳар як рубли рақамӣ муодили як рубли нақдӣ ва як рубли ғайринақдӣ хоҳад буд ва интиқоли рубли рақамӣ низ ройгон анҷом хоҳад шуд.