Дар Тоҷикистон мизони ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст

Вид Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Обуна шудан
Мизони ҷинояткорӣ сар аз аввали сол дар тамоми манотиқи Тоҷикистон коҳиш ёфта, ошкорсозии ҳосисаҳои ҷиноӣ низ то 1,4% камтар шудааст, бармеояд аз додаҳои оморӣ
ДУШАНБЕ, 2 ноя— Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-сентябр 16,7 ҳазор ҷиноят сабт шудааст.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 10,1% камтар аст, хабар дод Оҷонсии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъх, дар нуҳмоҳаи соли қаблӣ 18594 ҳолат сабт шуда буд.
Таъкид шудааст, ки дар ин муддат коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар ҳама манотиқи кишвар, ҷумла вилояти Хатлон 6,7%, Душанбе 6,8%, Суғд 13,3%, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13,9% ва дар ВМКБ 13,5% кам шудааст.
Ба таъкиди оҷонсӣ то аввали октябр 3914 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2025-ум 10,7% кам шудааст.
Подросток в капюшоне.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2026
Нигаронии Прокурори генералӣ аз афзоиши ҷинояткории наврасон
Ҳамчунин дар ин давра бақайдгирии ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 8,1%, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 20%, дуздӣ 6%, ғоратгарӣ 22,2%, қаллобӣ 12% ва авбошӣ 7,6% кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар ин муддат сабти ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба он 31,3%, роҳзанӣ 3,7%, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 4,1% ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 7,1% зиёд шудааст.
"Дар давраи ҳисобот 2263 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2025-ум 18,3 фоиз кам шудааст) ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ 795 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рӯи 751 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Ба ин қабил ҷиноятҳои порахӯрӣ, дуздӣ, дуздии ҳаҷман калон ва дигарҳо дохил мешаванд",- афзудааст Оҷонсии омор.
Сар аз аввали сол 500 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 8% зиёд шудааст).
Ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ - сентябри соли 2026-ум 75,3-ро ташкил кардааст, ки нишондиҳандаҳо дар ҳамин давраи соли қаблӣ 76,7% буд.
Лентаи хабарҳо
0