Аҳмадзода: шаҳраки Сайҳун ба як маркази саноатии вилоят табдил меёбад

© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдРаҷаб Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд
Раҷаб Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Раҷаб Аҳмадзода аз рафти сохмони корхонаҳои нав хабар гирифт, ки дар он корхонаҳои нави саноатӣ бо инфрасохтори тоза сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, бо сохтмони фабрикаи парандапарварии ҶДММ "Аврупо паранда", дар шаҳраки Сайҳун шинос шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилоят гузориш медиҳад.
Бунёди чунин фабрикаҳо ба рушди соҳаи парандапарварӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Раҷабзода ҳамчунин аз рафти сохтмони коргоҳи истеҳсоли қубурҳо ва профилҳои сохтмонии ҶДММ "Сайҳун профил" дар шаҳраки Сайҳун боздид кард.
Корхонаи мазкур бо мақсади рушди иқтидори саноатии минтақа ва таъмини соҳаи сохтмон бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бунёд шуда истодааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани он имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ зиёд гардида, вобастагӣ аз воридоти чунин маҳсулот коҳиш дода шавад.
Таъкид гардид, ки бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ амалӣ мегардад.
Раджаб Ахмадзода обсудил вопросы регионального сотрудничества в рамках официального визита Президента Республики Таджикистан в Республику Казахстан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2026
Остона ва Суғд: санадҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи 900 млн доллар имзо шуд
Ҳамчунин Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди гандум ва истеҳсоли орди ҶДММ "Фатир Агро" шинос гардид.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 1000 тонна ордро ташкил медиҳад. Технологияҳои истеҳсолии корхона аз Туркия ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосир ва дар ҷумҳурӣ камназир ба ҳисоб мераванд.
“Бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус гандум, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти муҳим дорад”, - таъкид намуд раиси вилоят.
Ҳамчунин, барои нигоҳдории маҳсулот анбори махсус бо ғунҷоиши 40 ҳазор тонна бунёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0