Остона ва Суғд: санадҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи 900 млн доллар имзо шуд

© Foto / Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд
Обуна шудан
Дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон масоили ҳамкории минтақавӣ низ баррасӣ гардид. Соҳибкорони Суғд ва Остона санадҳои дуҷониба имзо карданд
Душанбе,7 ноя-Sputnik.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳокими шаҳри Остона Қосимбек Женис, вазири кишоварзӣ Айдарбек Сапаров ва вазири саноат ва нақлиёти Қазоқистон Ерсайин Нагаспаев мулоқот намуд.
Дар ин вохӯриҳо масоили таҳкими робитаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика муҳокима гардид.
Дар шаҳри Остона ташкили намудани ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон баррасӣ шуд, -аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Ҳамчунин воридоти меваю полезиҳо ва сабзавоти тару тоза, ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ниҳоии нахи пахта, ҳамкорӣ барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ, воридоти маҳсулоти онҳо ба марказҳои калони савдои пойтахти ин кишвар маслиҳат шуд.

Барои таъсиси якҷояи марказҳои агрологистикӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, баҳрабардорӣ аз имкониятҳои минтақаи озоди иқтисодӣ бо шаҳрдори Остона ба мувофиқа расиданд,-гуфтанд дар хадамоти матбуоти вилоят.
Аҳмадзода зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вазоратҳои кишоварзӣ ва саноат ва нақлиёти Қазоқистон ба масоили воридоти ғалла, офтобпараст ва зироати равғандеҳ барои эҳтиҷоти корхонаҳои коркард ва истеҳсоли орд, макарон, хуроки чорвою парранда ва равғани растанӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар мулоқот як гуруҳ соҳибкорони соҳа, роҳбарони корхонаҳои азим аз вилояти Суғд ва Қазоқистон иштирок доштанд ва дар фароварди вохӯриҳо аз рӯи натиҷаи он миёни ин ширкатҳо ба маблағи умумии беш аз 900 млн $ бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ оид ба доду гирифти мол ба имзо расид.