Рустами Эмомалӣ вазъ дар ҷаҳонро мураккаб хонду ба таъмини субот таъкид кард

Рустам Эмомали. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва шаҳрвадори Душанбе Рустами Эмомалӣ кормандони милитсияро ба таҳкими сулҳу субот даъват кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ кормандони милитсияро ба муносибати Рӯзи касбиашон муборакбод гуфт.
Дар номаи табрикотии шаҳрдор омадааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар низоми давлатдории миллӣ мавқеи муҳим дошта, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими волоияти қонун нақши калидӣ мебозанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи ҳукумат, мақомоти корҳои дохилӣ марҳилаҳои муҳими рушду такмилро тай намуда, дорои иқтидори баланди касбӣ ва заминаҳои моддию техникии муосир гардидааст.
"Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи суботу оромӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз кормандони милитсия масъулияти баланд, донишу таҷрибаи кофӣ, зиракии касбӣ ва садоқат ба Ватанро тақозо менамояд", - изҳор дошт шаҳрдорӣ дар паёми худ.
Ӯ изҳори итминон кард, ки кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва садоқат ба савганди хизматӣ дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими сулҳу субот саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бино ба гузориши президент Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ беш аз 2 ҳаз. афсарону сарбозони мақомоти корҳои дохилӣ зимни иҷрои вазифа ҷон бохтаанд ва хонаводаҳои онҳо таҳти ғамхории ҳукумат қарор доранд.
Эмомали Рахмон поздравил сотрудников органов МВД с Днём таджикской милиции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Зирак, забондон ва содиқ ба Ватан: Раҳмон гуфт милисаи муосир бояд чӣ гуна бошад
Дар баробари ин, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла сохтмони биноҳои маъмурӣ дар ВМКБ, Душанбе, минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт, инчунин, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 26 шаҳру ноҳия анҷом ёфта, ҳамаи онҳо бо шароиту таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин муддат, ҳамчунин, бунёди қисмҳои мустақили сӯхторхомӯшкунӣ дар вилояти Хатлон ва 29 шаҳру ноҳия, биноҳои маъмурии Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва 12 шаҳру ноҳия амалӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0