https://sputnik.tj/20261110/rahmon-maskav-safar-1081989889.html
Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд
Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард
2026-11-10T15:31+0500
2026-11-10T15:31+0500
2026-11-10T15:38+0500
эмомалӣ раҳмон
русия
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081988512_190:172:1865:1114_1920x0_80_0_0_5dad4a1af25d049411c64d8483dd55c1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав сафар кард.Дар ин бора, хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гузориш додааст.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиа, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Рӯзи чаҳоршанбеи 11 ноябр дар Маскав ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД таҳти раёсати президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.Қобили зикр аст, ки аз 1 январ раёсати ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Интизор меравад, ки иштироккунандагони сессия қарори дахлдор қабул кунанд.Илова бар ин, дар назар аст, ки ҷанбаҳои калидии ҳамкориҳо ва тадбирҳои такмили минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъии СПАД, инчунин мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шаванд.Ҷонибҳо инчунин қасд доранд, ки якчанд ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Эъломияи ниҳоӣ ва Стратегияи зиддитеррористии СААД-ро то соли 2030 имзо кунанд.СААД Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистонро дар бар мегирад.Ереван иштироки худро дар ин созмон дар моҳи феврали соли 2024 қатъ кард. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 11 ноябр, рӯзи нишасти СААД дар Маскав, барои иштирок дар 31-умин Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ба Туркия сафар хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20261104/barnoma-saad-marz-tojikiston-afghoniston-1081783345.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081988512_246:136:1750:1264_1920x0_80_0_0_cd4be12957b9ef3caadba7c1fae8b9d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, русия, созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, русия, созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озими Маскав шуд
15:31 10.11.2026 (Навсозишуда: 15:38 10.11.2026) Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав сафар кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гузориш додааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Тоҷикистонро раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири мудофиа, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 11 ноябр дар Маскав ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД таҳти раёсати президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз 1 январ раёсати ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад. Интизор меравад, ки иштироккунандагони сессия қарори дахлдор қабул кунанд.
Илова бар ин, дар назар аст, ки ҷанбаҳои калидии ҳамкориҳо ва тадбирҳои такмили минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъии СПАД, инчунин мушкилоти кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шаванд.
Ҷонибҳо инчунин қасд доранд, ки якчанд ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Эъломияи ниҳоӣ ва Стратегияи зиддитеррористии СААД-ро то соли 2030 имзо кунанд.
СААД Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистонро дар бар мегирад.
Ереван иштироки худро дар ин созмон дар моҳи феврали соли 2024 қатъ кард. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 11 ноябр, рӯзи нишасти СААД дар Маскав, барои иштирок дар 31-умин Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ба Туркия сафар хоҳад кард.