Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Барномаи СААД дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон сатҳи таҳдидҳоро коҳиш медиҳад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий коллективных сил ОДКБ.
Военнослужащий коллективных сил ОДКБ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2026
Обуна шудан
Конфронси IV байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё идома дорад ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи аҳамияти ҳамкорӣ баромад кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Татбиқи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) оид ба таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ба коҳиши таҳдидҳое, ки аз Афғонистон бармеоянд, мусоидат хоҳад кард.
Инро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни суханронӣ дар Конфронси IV байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё изҳор дошт.
Ӯ татбиқи барномаро "қадами муҳим дар таъмини устувории марзҳои ҷанубии СААД" номид.
"Татбиқи саривақтӣ ва пурраи ин барнома ба кишварҳои узв дар коҳиш додани таҳдиди умумии Афғонистон ва муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин тақвияти амнияти минтақавӣ кӯмак хоҳад кард", - гуфт Ҳамрализода.
Тоҷикистон дар амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддири СААД иштирок мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Тоҷикистон дар амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддири СААД иштирок мекунад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шарикони худ дар СААД барои чораҳое, ки барои татбиқи барнома андешида шудаанд, изҳори сипос кард.
"Масъалаи таъмини амният дар Авруосиё бо Афғонистон зич алоқаманд аст. Тоҷикистон ҳамчун як посгоҳи сарҳадии шимолии он кишвар, қисми бузурги захираҳои худро барои андешидани чораҳо барои вокуниши муносиб ва пешгирии ҳама гуна таҳдидҳо ва чолишҳои пайдошаванда ба амнияти мо аз ин самт сарф мекунад", - инчунин таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0