https://sputnik.tj/20251110/rahmon-militsiya-hifzi-oromi-subot-omoda-1072809360.html
Раҳмон аз кормандони милитсия хост барои ҳифзи оромиву субот, ҳамеша омода бошанд
Раҳмон аз кормандони милитсия хост барои ҳифзи оромиву субот, ҳамеша омода бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, кормандони милитси дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд
2025-11-10T12:10+0500
2025-11-10T12:10+0500
2025-11-10T12:53+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
вкд
милитсия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072812218_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_8b51a5b63354da152a7009b5bb6b22e7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик қайд кардааст, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.Раҳбари кишвар қайд кард, ки вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.Вай афзуд, ки таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.Ҳамзамон вай ба мақаомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки барои таъмини фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус диҳанд.Вай гуфт, ки давлат ва ҳукумат барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
https://sputnik.tj/20251106/rahmon-ahammiyat-konsititutsiya-farzandon-fahmoned-1072714420.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/0a/1072812218_32:0:1169:853_1920x0_80_0_0_66046eb7ece5cb0fc140f69425a5df6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, милитсия, кормандон, раҳмон, сиёсат, сулҳ, оромӣ, мубориза бо ҷиноят
тоҷикистон, милитсия, кормандон, раҳмон, сиёсат, сулҳ, оромӣ, мубориза бо ҷиноят
Раҳмон аз кормандони милитсия хост барои ҳифзи оромиву субот, ҳамеша омода бошанд
12:10 10.11.2025 (Навсозишуда: 12:53 10.11.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, кормандони милитси дар таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик қайд кардааст, ки мақомоти корҳои дохилии кишвар аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.
“Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд”, - қайд кардааст кишвардори Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.
Ҳамзамон вай ба мақаомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки барои таъмини фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус диҳанд.
Вай гуфт, ки давлат ва ҳукумат барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.