https://sputnik.tj/20261110/nebenzya-ukraina-avrupo-oddi-nomid-1081979475.html
Небензя пуштибонӣ аз Украинаро бори гарон барои аврупоиҳои оддӣ номид
Небензя пуштибонӣ аз Украинаро бори гарон барои аврупоиҳои оддӣ номид
Sputnik Тоҷикистон
Небензя: Дастгирии Украина бори гарони ҳамёни шаҳрвандони оддии ИА-ро бар дӯш гирифтааст
2026-11-10T13:02+0500
2026-11-10T13:02+0500
2026-11-10T13:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
аврупо
василий небензя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081982425_0:144:2779:1707_1920x0_80_0_0_a09b8f13e4d275185a43fce630aa8e0d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Пуштибонӣ аз Киев, қатъ шудани робитаҳои тиҷоратӣ бо Маскав ва бӯҳрони энергетикӣ ба бори гарони ҳамёни аврупоиҳои оддӣ табдил ёфтаанд.Дар ин бора, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя гуфт.Небензя инчунин аз эътирозҳо дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, ки дар он садҳо ҳазор шаҳрвандон аз бад шудани шароити зиндагӣ ва коҳиши имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кӯчаҳо баромаданд, ёдовар шуд.Дар баробари ин, Небензя гуфт Русия дар пайи муқовимати мусаллаҳона бо ИА нест, - Небензя. Аммо, агар худи Аврупо ҷангро оғоз кунад, рӯйдодҳо метавонанд босуръат пеш раванд, гуфт намояндаи доимии Русия.Ӯ инчунин таъкид кард, ки Маскав ба мунҷамид кардани низоъ розӣ нахоҳад шуд, ки ин ба идомаи таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти Русия имкон медиҳад.Владимир Путин борҳо изҳор доштааст, ки Маскав танҳо аз ҳалли дарозмуддат бидуни ягон оташбаси муваққатӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ноил шудан ба чунин ҳалли масъала танҳо пас аз бартараф кардани сабабҳои аслии низоъ имконпазир аст.Инҳо таҳдидҳоеро дар бар мегиранд, ки аз густариши НАТО ва зулми аҳолии русзабон дар Украина ба вуҷуд меоянд.Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки нокомиҳо дар ҷабҳа бояд Киевро ҳоло ба мизи музокирот тела диҳанд. Ғайр аз ин, Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, қайд кард, ки воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина талафот мебинанд ва самаранокии ҷангии худро зуд аз даст медиҳанд.
https://sputnik.tj/20260529/nebenzya-sharthoi-muzokirot-zelenskiy-ruz-badtar-1077908187.html
украина
русия
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081982425_0:0:2522:1891_1920x0_80_0_0_95d2855be1fce6370d780b463b583120.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, аврупо, василий небензя
украина, русия, аврупо, василий небензя
Небензя пуштибонӣ аз Украинаро бори гарон барои аврупоиҳои оддӣ номид
Небензя: Дастгирии Украина бори гарони ҳамёни шаҳрвандони оддии ИА-ро бар дӯш гирифтааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Пуштибонӣ аз Киев, қатъ шудани робитаҳои тиҷоратӣ бо Маскав ва бӯҳрони энергетикӣ ба бори гарони ҳамёни аврупоиҳои оддӣ табдил ёфтаанд.
Дар ин бора, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя гуфт.
"Қатъ шудани робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Маскав, хароҷоти таҳримҳо, бӯҳрони энергетикӣ ва дастгирии Киев бори гарони буҷаи Аврупо ва ҳамёни шаҳрвандони оддӣ гузошт", - гуфт ӯ, зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ.
Небензя инчунин аз эътирозҳо дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, ки дар он садҳо ҳазор шаҳрвандон аз бад шудани шароити зиндагӣ ва коҳиши имтиёзҳои иҷтимоӣ ба кӯчаҳо баромаданд, ёдовар шуд.
Дар баробари ин, Небензя гуфт Русия дар пайи муқовимати мусаллаҳона бо ИА нест, - Небензя.
Аммо, агар худи Аврупо ҷангро оғоз кунад, рӯйдодҳо метавонанд босуръат пеш раванд, гуфт намояндаи доимии Русия.
Ӯ инчунин таъкид кард, ки Маскав ба мунҷамид кардани низоъ розӣ нахоҳад шуд, ки ин ба идомаи таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти Русия имкон медиҳад.
Владимир Путин борҳо изҳор доштааст, ки Маскав танҳо аз ҳалли дарозмуддат бидуни ягон оташбаси муваққатӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ноил шудан ба чунин ҳалли масъала танҳо пас аз бартараф кардани сабабҳои аслии низоъ имконпазир аст.
Инҳо таҳдидҳоеро дар бар мегиранд, ки аз густариши НАТО ва зулми аҳолии русзабон дар Украина ба вуҷуд меоянд.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки нокомиҳо дар ҷабҳа бояд Киевро ҳоло ба мизи музокирот тела диҳанд. Ғайр аз ин, Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, қайд кард, ки воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина талафот мебинанд ва самаранокии ҷангии худро зуд аз даст медиҳанд.