https://sputnik.tj/20261110/kormandon-milisa-bino-kori-manzil-osoishgoh-1081980399.html
Аз бинои корӣ то осоишгоҳ: Ҳукумат ба милисаҳои тоҷик иншоотҳои гуногун сохт
Аз бинои корӣ то осоишгоҳ: Ҳукумат ба милисаҳои тоҷик иншоотҳои гуногун сохт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе дар ифтитоҳи биноҳои истиқоматӣ, осоишгоҳ ва иншооти соҳавии милитсияи тоҷик фосилавӣ ширкат намуд
2026-11-10T13:56+0500
2026-11-10T13:56+0500
2026-11-10T13:56+0500
раҳмон
рустам эмомалӣ
вазири умури дохила
бинои истиқоматӣ
осоишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081978541_0:73:2560:1514_1920x0_80_0_0_ab82fd3af5e22b42ae0bed9cbcfc6863.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Бо иштироки президент Раҳмон, шаҳрдори Душанбе, вазири корҳои дохилӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар марҳилаи аввал се қисмати биноҳо,ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд, дар шаҳри Норак ба истифода дода шуд.Ҳамчунин марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар идома Президенти Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллӣ ба таври фосилавӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.Ин иншоот барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии корӣ ба вуҷуд меорад, дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.Ҳамчунин мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ бунёд ёфтааст.Ҳамчунин бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.Дар баробари он бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ буда, дорои толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.Дар вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ низ шуъбачаи милитсия дар ноҳияи Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20261110/rahmon-guft-milisai-muosir-tojikiston-1081977111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0a/1081978541_143:0:2418:1706_1920x0_80_0_0_063e969b293685eccb439b7203445986.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, рустам эмомалӣ, вазири умури дохила, бинои истиқоматӣ, осоишгоҳ
раҳмон, рустам эмомалӣ, вазири умури дохила, бинои истиқоматӣ, осоишгоҳ
Аз бинои корӣ то осоишгоҳ: Ҳукумат ба милисаҳои тоҷик иншоотҳои гуногун сохт
Эмомали Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе дар ифтитоҳи биноҳои истиқоматӣ, осоишгоҳ ва иншооти соҳавии милитсияи тоҷик фосилавӣ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Бо иштироки президент Раҳмон, шаҳрдори Душанбе, вазири корҳои дохилӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар марҳилаи аввал се қисмати биноҳо,ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд, дар шаҳри Норак ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
“Ин иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст”-хабар доданд аз хадамоти матбуоти президент.
Дар идома Президенти Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллӣ ба таври фосилавӣ бинои нави қисми мустақили 42-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Панҷро ба истифода доданд.
Ин иншоот барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити зарурии корӣ ба вуҷуд меорад, дорои ҳуҷраҳои хизматӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.
Ҳамчунин мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти махсуси оташнишонӣ бунёд ёфтааст.
Ҳамчунин бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд.
Он дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 нафар, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурии хизматӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки “корхонаи воҳиди давлатии маркази васлу насби нақлиёти оташнишонии назди сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо мақсади мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст. Он ба васлу омодасозии воситаҳои наклиёти махсуси оташнишонӣ дар базаи шассиҳои ХОВО машғул мебошад”.
Дар баробари он бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нав дорои 30 ҳуҷраи корӣ буда, дорои толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар вилояти Хатлон ба таври фосилавӣ низ шуъбачаи милитсия дар ноҳияи Шаҳритус мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.