Довар аз Тоҷикистон бозии байни Русия ва Узбекистонро ҳакамӣ мекунад

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаГулмуроди Саъдулло.
Гулмуроди Саъдулло. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Обуна шудан
Довари тоҷик Саъдулло бозии байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Узбекистонро доварӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Довари 35 - солаи тоҷик - Гулмуроди Саъдулло, довари бозии дӯстонаи Русия ва Ӯзбекистон таъйин шудааст.
Дар ин бора, канали Telegram-и Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба довари ФИФА Саъдулло Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов, ёварӣ хоҳанд кард.
Бозии байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Узбекистон рӯзи панҷшанбе, 12 ноябр, дар Тошканд баргузор мешавад.
Гулмуроди Саъдулло довари футболи тоҷик ва мақоми расмии ФИФА мебошад.
Ӯ 2 декабри соли 1990 дар Ҳисор таваллуд шудааст. Ӯ мақоми довари расмии ФИФА-ро соли 2017 гирифтааст.
Бояд гуфт, ки ба рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон 17 довар – 6 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА дохил мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои медиавии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.
Бывший тренер ФК Худжанд Рустам Ходжаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2026
Хоҷаев: Як қисми дилам бо “Хуҷанд”, вале фикру талошам ғалаба бо “Сардор” аст
Бозӣ бо ҳисоби ниҳоӣ 3: 4 ба манфиати Русия анҷом ёфт.

Ин бозӣ барои мураббии маъруфи Русия Леонид Слутский аввалин буд.
Лентаи хабарҳо
0