https://sputnik.tj/20261018/khojaev-yak-qismi-dilam-bo-khujand-vale-fikru-talosham-ghalaba-bo-sardor-ast-1081308016.html
Хоҷаев: Як қисми дилам бо “Хуҷанд”, вале фикру талошам ғалаба бо “Сардор” аст
Хоҷаев: Як қисми дилам бо “Хуҷанд”, вале фикру талошам ғалаба бо “Сардор” аст
Sputnik Тоҷикистон
Хоҷаев гуфт барои пешрафти дастае, ки ҳоло тамрин медиҳад талоши зиёд кард ва ҳамакнун қадаме барои гирифтани Ҷоми Тоҷикистон мондааст 18.10.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-10-18T14:48+0500
2026-10-18T14:48+0500
2026-10-18T14:57+0500
дар тоҷикистон
футбол
рустам хоҷаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102485/16/1024851606_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_771fbb985cf7fc4c71498db24eed8355.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Имрӯз 18 октябр бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мешавад.Барои дастёбӣ ба Ҷом дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Сардор”-и Турсунзода вориди сабқат мешаванд.Дар арафаи бозӣ сармураббии “Сардор” Рустам Хоҷаев, ки дар гузашта солҳо тими “Хуҷанд”-ро тамрин додаасит, адешаашро дар робита ба ин бозӣ ба хабарнигори Спутник Тоҷикистон ироа кард.Хоҷаев гуфт барои пешрафти дастае, ки ҳоло тамрин медиҳад талоши зиёд кард ва ҳамакнун қадаме барои гирифтани Ҷоми Тоҷикистон мондааст.Ӯ гуфт, ки талош мекунанд, бозии хубу хотирмон нишон диҳанд ва ҷоизаро ба даст оранд.Мутахассис дар мавриди ҳарифони имрӯзааш, ки дар гузашта дастпарваронаш буданд, гуфт, ки “Хуҷанд” порае аз дилаш аст, вале фикраш барои пирӯзии тими ҳозирааш аст.Ӯ афзуд, ки омодагии тими “Сардор” хело хуб аст, лекин боз бозӣ нишон медиҳад ва натиҷа низ аз равишу талош дар майдон вобастагӣ дорад.Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 17:30 оғоз шуда, ғолиби ин дидор ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо мекунад.Тими ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар баробари медалҳои тилло 200 ҳазор сомониро ба даст меорад ва дастае, ки ҷойи дуюмро мегирад, медалҳои нуқра ва 100 ҳазор сомониро мегиранд.Барои "Хуҷанд" ин бори ҳаштум аст, ки дар финали Ҷоми Тоҷикистон ширкат мекунад ва панҷ бор баранда шудааст.Тими "Сардор" ҳамагӣ дар чаҳор сол таърихи ҳастияш ин мавсим тавонист зери роҳбарии Хоҷаев ба финал бирасад ва гар баранда бишавад беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи кӯтоҳи тим хоҳад буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/61933
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102485/16/1024851606_30:0:977:710_1920x0_80_0_0_c581f1f857912a555d3d97fbb5c0586b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, футбол, рустам хоҷаев
дар тоҷикистон, футбол, рустам хоҷаев
Хоҷаев: Як қисми дилам бо “Хуҷанд”, вале фикру талошам ғалаба бо “Сардор” аст
14:48 18.10.2026 (Навсозишуда: 14:57 18.10.2026) Эксклюзив
Хоҷаев гуфт барои пешрафти дастае, ки ҳоло тамрин медиҳад талоши зиёд кард ва ҳамакнун қадаме барои гирифтани Ҷоми Тоҷикистон мондааст
ДУШАНБЕ, 18 окт - Sputnik. Имрӯз 18 октябр бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мешавад.
Барои дастёбӣ ба Ҷом дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Сардор”-и Турсунзода вориди сабқат мешаванд.
Дар арафаи бозӣ сармураббии “Сардор” Рустам Хоҷаев, ки дар гузашта солҳо тими “Хуҷанд”-ро тамрин додаасит, адешаашро дар робита ба ин бозӣ ба хабарнигори Спутник Тоҷикистон ироа кард.
Хоҷаев гуфт барои пешрафти дастае, ки ҳоло тамрин медиҳад талоши зиёд кард ва ҳамакнун қадаме барои гирифтани Ҷоми Тоҷикистон мондааст.
Ӯ гуфт, ки талош мекунанд, бозии хубу хотирмон нишон диҳанд ва ҷоизаро ба даст оранд.
Мутахассис дар мавриди ҳарифони имрӯзааш, ки дар гузашта дастпарваронаш буданд, гуфт, ки “Хуҷанд” порае аз дилаш аст, вале фикраш барои пирӯзии тими ҳозирааш аст.
“Дар дастаи “Хуҷанд” хело кор кардам ва як қисми дилам бо он аст, лекин ҳоло фаъолиятам дар дастаи “Сардор” ва танҳзо фикри ғалаба бо ин дастаро дорам”,- гуфт Хоҷаев.
Ӯ афзуд, ки омодагии тими “Сардор” хело хуб аст, лекин боз бозӣ нишон медиҳад ва натиҷа низ аз равишу талош дар майдон вобастагӣ дорад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 17:30 оғоз шуда, ғолиби ин дидор ҳуқуқи ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро пайдо мекунад.
Тими ғолиби Ҷоми Тоҷикистон дар баробари медалҳои тилло 200 ҳазор сомониро ба даст меорад ва дастае, ки ҷойи дуюмро мегирад, медалҳои нуқра ва 100 ҳазор сомониро мегиранд.
Барои "Хуҷанд" ин бори ҳаштум аст, ки дар финали Ҷоми Тоҷикистон ширкат мекунад ва панҷ бор баранда шудааст.
Тими "Сардор" ҳамагӣ дар чаҳор сол таърихи ҳастияш ин мавсим тавонист зери роҳбарии Хоҷаев ба финал бирасад ва гар баранда бишавад беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи кӯтоҳи тим хоҳад буд.