https://sputnik.tj/20261109/tojikiston-kharid-ordro-khorija-afzoish-1081948793.html
Тоҷикистон хариди ордро аз хориҷа якбора 57% афзоиш додааст
Тоҷикистон хариди ордро аз хориҷа якбора 57% афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ талош дорад, ки вобастагияшро аз воридот камтар кунад, аммо сар аз аввали сол истеҳсоли дохилӣ аз воридот қариб 100 ҳазор тонна камтар аст, бармеояд аз додаҳои оморӣ
2026-11-09T12:31+0500
2026-11-09T12:31+0500
2026-11-09T18:48+0500
дар тоҷикистон
орд
воридот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071283327_0:143:2940:1797_1920x0_80_0_0_1e3eac2d254a9ad37138423bf97f3a95.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Тоҷикистон хариди орд аз хориҷаро якбора афзоиш дошдааст.Воридоти орд дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи октябр қариби 66 ҳазор тонна ба маблағи 18 млн долларро ташкил додааст, хабар дод Агентии омори ҷумҳурӣ.Ба иттилои манбаъ, ин дар муқоиса бо январ - сентябри соли гузашта аз рӯзи вазн 57% ва аз рӯи арзиш 66% зиёд мебошад.Қаблан Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буд, ки ордро бо нархи миёнаи 320 доллар барои як тонна ворид мекунанд.Ба гуфтаи ин ниҳод ордро ба бозори Тоҷикистон 19 ширкат ворид мекунад. Воридкунандагони бузургтарин ин ширкатҳои "Саҳад", "Тоҷ Тур", Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дигар иштирокчиёни бозор мебошанд.Ба иттилои оҷонсӣ истеҳсоли орд дар дохил аз кишвар низ 24,5% афзудааст.Агар дар нуҳмоҳаи соли қаблӣ кишвар беш аз 463,6 ҳазор тонна истеҳсол карда бошад, имсол 577,4 ҳазор тонна истеҳсол кардааст.Аммо кишвар дар самти таъмини аҳолӣ бо орд вобастаи воридот аст. Таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ кишварҳои ИИАО Қазоқистон ва Русия мебошанд.Ҷумҳурӣ ҳамасола бо ин кишварҳо тариқи шартномаҳои нав воридотро афзоиш медиҳад. Ахиран зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона сари масъалаи воридоти ғалладонагиҳо, ташкили корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли орд таъкид шуд.
https://sputnik.tj/20260816/tojikiston-istehsol-ord-vitamin-mineral-1079705093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/11/1071283327_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_2bcdba00e1f178a0e58a9144f4e5526b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, орд, воридот, иқтисод
дар тоҷикистон, орд, воридот, иқтисод
Тоҷикистон хариди ордро аз хориҷа якбора 57% афзоиш додааст
12:31 09.11.2026 (Навсозишуда: 18:48 09.11.2026) Ҷумҳурӣ талош дорад, ки вобастагияшро аз воридот камтар кунад, аммо сар аз аввали сол истеҳсоли дохилӣ аз воридот қариб 100 ҳазор тонна камтар аст, бармеояд аз додаҳои оморӣ
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Тоҷикистон хариди орд аз хориҷаро якбора афзоиш дошдааст.
Воридоти орд дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи октябр қариби 66 ҳазор тонна ба маблағи 18 млн долларро ташкил додааст, хабар дод Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин дар муқоиса бо январ - сентябри соли гузашта аз рӯзи вазн 57% ва аз рӯи арзиш 66% зиёд мебошад.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфта буд, ки ордро бо нархи миёнаи 320 доллар барои як тонна ворид мекунанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод ордро ба бозори Тоҷикистон 19 ширкат ворид мекунад. Воридкунандагони бузургтарин ин ширкатҳои "Саҳад", "Тоҷ Тур", Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва дигар иштирокчиёни бозор мебошанд.
Ба иттилои оҷонсӣ истеҳсоли орд дар дохил аз кишвар низ 24,5% афзудааст.
Агар дар нуҳмоҳаи соли қаблӣ кишвар беш аз 463,6 ҳазор тонна истеҳсол карда бошад, имсол 577,4 ҳазор тонна истеҳсол кардааст.
Аммо кишвар дар самти таъмини аҳолӣ бо орд вобастаи воридот аст. Таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ кишварҳои ИИАО Қазоқистон ва Русия мебошанд.
Ҷумҳурӣ ҳамасола бо ин кишварҳо тариқи шартномаҳои нав воридотро афзоиш медиҳад. Ахиран зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона сари масъалаи воридоти ғалладонагиҳо, ташкили корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли орд таъкид шуд.