Тоҷикистон истеҳсоли орд бидуни витамину минералҳоро манъ мекунад
17:06 16.08.2026 (Навсозишуда: 01:37 17.08.2026)

© Sputnik / Константин Михальчевский
/ Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва саноатро муваззаф кардааст, ки истеҳсоли орди ғанӣ бо витамину минералҳоро назорат кунанд
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон истеҳсоли ордеро, ки бо витамину минералҳо ғанӣ гардонда нашудааст, дар кишвар мамнуъ кард.
Аз 1 сентябри соли 2026 дар ҳудуди ҷумҳурӣ орди гандумии навъҳои олӣ ва якум барои фурӯш дар бозори дохилӣ танҳо дар шакли ғанигардонидашуда бо иловаи витамину минералҳо истеҳсол карда шавад, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.
Аз ҷумла илова кардани оҳан, руҳ, витаминҳои В9 ва В12 дар назар аст.
Истеҳсол ва фурӯши орде, ки ғанӣ гардонда нашудааст, танҳо барои содирот ба роҳ монда шавад, омадааст дар қарор.
Ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва саноатро муваззаф кардааст, ки истеҳсоли орди ғанӣ бо витамину минералҳоро назорат кунанд.

Взорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур гирифтааст, назорати давлатии санитарию беҳдоштии истеҳсол, воридот ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таъмин намояд.
Амалигардонии тадбирҳоро оид ба таъмини аҳолӣ бо микронутриентҳо - витамини А, кислотаи фолат ва оҳан ба роҳ монад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вазифадор шудааст, фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Ҷиҳати харид ва воридоти саривақтии омехтаҳои витаминӣ, витаминӣ-минералӣ ва молҳои дигари зарурӣ барои ғанигардонии орд чораҳои мушаххас андешад, омадааст дар қарор.

Тибқи додаҳои оморӣ ҷумҳурӣ дар шашмоҳи гузашта ба миқдори 399,4 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 141,0 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳаҷми истеҳсоли нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 ҳазор тонна ё 31,6 фоиз афзоиш ёфтааст.