https://sputnik.tj/20261108/tojikiston-qazoqtston-okhiri-benzin-mekharad-1081935225.html
Тоҷикистон аз Қазоқтстон то охири сол 40 ҳазор тонна бензин мехарад
Тоҷикистон аз Қазоқтстон то охири сол 40 ҳазор тонна бензин мехарад
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаҳои нафтӣ имкониятҳои наверо барои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар фароҳам меоранд ва мавқеи Қазоқистонро дар бозорҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд, бовар дорад вазири қазоқ
2026-11-08T17:55+0500
2026-11-08T17:55+0500
2026-11-08T17:55+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
бензин
бозори нафт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065321421_0:17:1280:737_1920x0_80_0_0_754f308b1d3878e6bd6cf102a5777720.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон созишнома дар бораи таъмини маҳсулоти нафтии Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон ба имзо расид. Ба гуфтаи вазири энергетикаи Қазоқистон Эрлан Аккенженов, Остона омода аст, ки дар моҳҳои ноябр ва декабр ба Тоҷикистон 20 ҳазор тоннаи бензини АИ-92 дар як моҳ диҳад.Ин ҳаҷми умумии таъминотро барои ду моҳ ба 40 ҳазор тонна мерасонад, гуфт ӯ.Ба таъкиди вазири вазири қазоқ ин созишнома бо таъмини яквақтаи бензин маҳдуд намешавад. "Созишномаи чаҳорчӯбаи имзошуда рушди робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунандагони Қазоқистон ва воридкунандагони тоҷикистонӣ, инчунин васеъ кардани таъминоти намудҳои гуногуни маҳсулоти нафтиро пешбинӣ мекунад",- гуфт вазир. Аккенженов қайд кард, ки созишномаҳо имкониятҳои наверо барои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар фароҳам меоранд ва мавқеи Қазоқистонро дар бозорҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд.Тибқи ин созиши дуҷониба, то 1 октябри ҳар сол, ҷонибҳо бо назардошти ниёзҳои бозори Тоҷикистон, ҳаҷми пешбинишудаи таъминотро барои соли тақвимии оянда ба мувофиқа мерасонанд. Пас аз ин созишнома, имзои тавозунҳои индикативии мувофиқ ба нақша гирифта шудааст.Илова бар ин, созишнома баррасии имконияти сохтмони корхонаҳои нави коркарди нафт ё васеъ кардани иқтидорҳои мавҷуда дар Қазоқистонро бо назардошти ниёзҳои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.Ин созишнома ба гуногунранг кардани манбаъҳои маҳсулоти нафтии воридотӣ, таъмини таъминоти устувор барои бозори дохилии Тоҷикистон ва тақвияти амнияти энергетикии кишвар нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20261107/tojikiston-raqamikunoni-energetika-tajriba-qazoqiston-1081899690.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065321421_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_0b6187567c7e37c784e59b195d4f7dc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, бензин, бозори нафт
дар тоҷикистон, қазоқистон, бензин, бозори нафт
Тоҷикистон аз Қазоқтстон то охири сол 40 ҳазор тонна бензин мехарад
Созишномаҳои нафтӣ имкониятҳои наверо барои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар фароҳам меоранд ва мавқеи Қазоқистонро дар бозорҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд, бовар дорад вазири қазоқ
ДУШАНБЕ, 8 ноя - Sputnik. Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон созишнома дар бораи таъмини маҳсулоти нафтии Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон ба имзо расид.
Ба гуфтаи вазири энергетикаи Қазоқистон Эрлан Аккенженов, Остона омода аст, ки дар моҳҳои ноябр ва декабр ба Тоҷикистон 20 ҳазор тоннаи бензини АИ-92 дар як моҳ диҳад.
Ин ҳаҷми умумии таъминотро барои ду моҳ ба 40 ҳазор тонна мерасонад, гуфт ӯ.
"Барои истеҳсолкунандагони Қазоқистон ин имкониятест барои васеъ кардани ҳузури худ дар бозори умедбахши Тоҷикистон ва тақвияти мавқеи саноати ватании коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ",- гуфт Эрлан Аккенженов.
Ба таъкиди вазири вазири қазоқ ин созишнома бо таъмини яквақтаи бензин маҳдуд намешавад.
"Созишномаи чаҳорчӯбаи имзошуда рушди робитаҳои мустақим байни истеҳсолкунандагони Қазоқистон ва воридкунандагони тоҷикистонӣ, инчунин васеъ кардани таъминоти намудҳои гуногуни маҳсулоти нафтиро пешбинӣ мекунад",- гуфт вазир.
Аккенженов қайд кард, ки созишномаҳо имкониятҳои наверо барои ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар фароҳам меоранд ва мавқеи Қазоқистонро дар бозорҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд.
Тибқи ин созиши дуҷониба, то 1 октябри ҳар сол, ҷонибҳо бо назардошти ниёзҳои бозори Тоҷикистон, ҳаҷми пешбинишудаи таъминотро барои соли тақвимии оянда ба мувофиқа мерасонанд. Пас аз ин созишнома, имзои тавозунҳои индикативии мувофиқ ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, созишнома баррасии имконияти сохтмони корхонаҳои нави коркарди нафт ё васеъ кардани иқтидорҳои мавҷуда дар Қазоқистонро бо назардошти ниёзҳои Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Ин созишнома ба гуногунранг кардани манбаъҳои маҳсулоти нафтии воридотӣ, таъмини таъминоти устувор барои бозори дохилии Тоҷикистон ва тақвияти амнияти энергетикии кишвар нигаронида шудааст.