Путин таҳкими амният дар ИДМ-ро зарур хонда, роҳи таъмини онро пешниҳод кард

© Sputnik / Вячеслав Прокофьев / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин
Президент Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2026
Обуна шудан
Раҳбари Русия бо ишора ба вазъи душвори геополитикӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба таҳкими амният ва соҳибихтиёрӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аҳамияти тақвияти амният ва суботро дар ИДМ дар шароити вазъияти мураккаби геополитикӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо дар якчанд минтақаҳои ҷаҳон изҳор дошт.
Дар ин бора ӯ дар паём ба иштирокдорони мулоқоти котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ИДМ дар Маскав изҳор дошт.
"Дар шароити вазъи мураккаби геополитикӣ ва шиддат гирифтани низоъҳо дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, истифодаи ҳадди аксари имкониятҳои назарраси таҳлилӣ ва пешгӯии сохторҳои шумо барои таҳкими амният ва соҳибихтиёрии давлатҳои узви ИДМ, инчунин таъмини субот дар саросари ин Иттиҳод, амре зарурӣ ба шумор меравад", - таъкид намуд Путин дар паём, ки матни онро дабири амнияти Русия, Сергей Шойгу қироат кард.
Роҳбари Русия изҳори боварӣ кард, ки иштирокчиёни ин нишаст дар мавриди тадбирҳои афзалиятнок, ки ба ҳифзи самараноки шаҳрвандон аз таҳдидҳои беруна ва дохилӣ нигаронида шудаанд, табодули назар хоҳанд кард.
Чрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в РФ Давлатшох Гулмахмадзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Сафир: Имрӯз минтақаи ИДМ ба ҷаҳон намунаҳои дипломатияи пухта ва созандаро нишон медиҳад
Путин изҳори итминон кард, ки ҷаласа самаранок хоҳад буд ва ба иштирокчиён кори пурсамар орзу кард.
Лентаи хабарҳо
0