Сафир: Имрӯз минтақаи ИДМ ба ҷаҳон намунаҳои дипломатияи пухта ва созандаро нишон медиҳад

© Foto / Совет Федерации Федерального СобранияЧрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в РФ Давлатшох Гулмахмадзода.
Чрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в РФ Давлатшох Гулмахмадзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҷаласаи Комиссияи масъалаиҳои иқтисодии ИДМ гуфт қатъномаи нави СММ таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" барои минтақа чӣ аҳамият дорад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар Маскав дар ҷаласаи Комиссияи масоили иқтисодии назди шӯрои иқтисодии ИДМ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда", ки бо ташаббуси раисҷумҳури Тоҷикистон қабул шуд, муаррифӣ кард.
Зимни суханрониаш сафир таъкид кард, ки ин ташаббус худ аз худ пайдо нашудааст.
“Матни қатъномаи СММ саҳми арзишманди давлатҳо, халқҳо ва роҳбарони онҳоро, ки тавассути равандҳои фарогири сиёсӣ ба ваҳдати миллӣ, боварию ташбити сулҳ расидаанд, махсусан иникос мекунад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки пеш аз ҳама, ин ташаббус бар асоси таҷрибаи таърихии худи Тоҷикистон асос ёфтааст.
“Халқи тоҷик, ки дар солҳои 1990 ҷанги шаҳрвандии фоҷиабор ва таҳмилшудаи берунаро аз сар гузаронидааст, таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба сулҳу ризоият ноил гардад. Ин модели оштии миллӣ аз ҷониби СММ ва ҷомеаи коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақ ва муассири рафъи бӯҳронҳои дохилӣ дар таърихи муосир эътироф шудааст”, - қайд кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ҳамчунин сафир таъкид кард, ки ин пирӯзии сулҳ бидуни иштироки наздиктарин иттифоқчиён ва шарикони мо ғайриимкон буд.
Вай афзуд, ки ҳоло дар дохили ИДМ, рӯҳияи кумаки мутақобила ташаккул ёфт.
“Кӯшишҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои Иттиҳод ва дастгирии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар устувор кардани вазъият дар Тоҷикистон нақши бузург бозиданд”. – зикр кард сафири Тоҷикистон дар Русия.
Сафир зимни суханрониаш афзуд, ки имрӯз Осиёи Марказӣ ва минтақаи ИДМ дар маҷмӯъ ба ҷаҳон намунаҳои дипломатияи пухта ва созандаро нишон медиҳанд.
Посол Таджикистана в России Давлатшох Гулмахмадзода на заседании Комиссии по экономическим вопросам при Экономическом совете СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Гулмаҳмадзода: Сулҳи тоҷикон метавонад намунаи ҳалли даргириҳои дохилӣ дар дунё шавад
“Мо мебинем, ки чӣ гуна мураккабтарин масъалаҳои марзӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият ва сулҳомез, бар асоси эҳтироми мутақобила ҳал шудаанд ва минтақаи мо ба фазои эътимоди пешрафта, субот ва ҳамсоягии нек табдил меёбад. Ва қатъномаи нави СММ роҳест барои густариши таҷрибаи мусбати минтақавии мо ба сатҳи ҷаҳонӣ”, - зикр кард Гулмаҳмадзода.
Сафир илова кард, ки ИДМ имрӯз бояд муттаҳид бошад ва дар якҷоягӣ аз ин ташаббус дастгирӣ намояд.
Лентаи хабарҳо
0