Дар Маскав ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти ИДМ баргузор шуд - видео

Обуна шудан
Дар ин ҷаласа роҳбарони шӯроҳои амниятӣ ва котибони давлатии кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла Юсуф Раҳмон аз Тоҷикистон, ширкат варзиданд
Дар Маскав ҷаласаи 14-уми солонаи котибони шӯроҳои амнияти ИДМ баргузор шуд. Чорабиниро котиби Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу раисӣ кард.
Дар суханронии худ, ӯ ба вазъияти геополитикӣ дахл кард ва мавқеи кишварҳои аврупоӣ дар мавриди низои Украина ва таҳрикоти НАТО дар марзҳои Русияро шарҳ дод.
Президенти Русия Владимир Путин низ ба иштирокчиён суханронӣ кард.
Путин таҳкими амният дар ИДМ-ро зарур хонда, роҳи таъмини онро пешниҳод кард
Дар ин ҷаласа роҳбарони шӯроҳои амниятӣ ва котибони давлатии кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла Юсуф Раҳмон аз Тоҷикистон, ширкат варзиданд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо мушкилоти кунунии амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва талошҳои муштарак барои муқовимат бо дахолати беруна ба корҳои дохилӣ ва равандҳои интихоботии кишварҳои мустақилро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0