Таваҷҷуҳ ба футбол дар Тоҷикистон бештар мешавад: дар чаҳор сол 544 майдонча сохтанд

© Фото : Пресс-служба мэрии ГулистонаФутбольная академия в Гулистоне
Футбольная академия в Гулистоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон сохмони иншоотҳои варзишӣ рушд мекунад ва наврасони зиёд ба варзиш машғул ҳастанд
Душанбе, 8 ноя-Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳоло 15 ҳазор наврасу ҷавон ба футбол машғуланд.
Аз ин аз 1850 нафарашон духтаронанд, хабар дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар доираи "Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026" дар кишвар 544 майдонча ва 8 варзишгоҳ бунёд шудааст.

Барои татбиқи барнома беш аз 89 миллион сомонӣ ҷудо шуда, ҳамчунин Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мавриди истифода қарор гирифт.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 17 муассисаи махсуси футбол фаъолият дорад.
Рустам Эмомали ввёл в эксплуатацию Футбольную академию ГБАО.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2026
Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ: Аз ифтитоҳи Академияи футбол то боздид аз комплекси сайёҳӣ
Таъкид мешавад, ки ин барнома ба рушди инфрасохтор, оммавигардонии футбол ва омодасозии футболбозони ояндадор равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0