Рустами Эмомалӣ дар ВМКБ: Аз ифтитоҳи Академияи футбол то боздид аз комплекси сайёҳӣ

© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Обуна шудан
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба ВМКБ сафар карда, якчанд иншоотро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 14 окт - Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Президенти Федератсияи футбол ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози ВМКБ рафт.
Дар рафти сафари худ, сиёсатмадор дар ин ноҳия якчанд иншоотро ба баҳрабардорӣ расонд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Ҳамин тавр, нахуст Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” дидан кардааст.
Иқтидори лоиҳавии ин корхона, дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гушти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло наздики 100 ҳазор моҳӣ дорад.
Дар идома, раиси пойтахт, дар деҳоти Қалъаи Хумб бо фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ-С” шинос гардида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои милливу маҳаллӣ боздид кардааст.
Комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи стандарти байналмилалӣ сохта шудааст.
Дар он 10 хонаи истиқоматӣ ва дигар таҷҳизоти солимгардонӣ ворид ва насб шуда, дастгоҳу таҷҳизоти дохили он бо ишора идора карда мешавад.
Тибқи маълумот, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз зиёда аз 160 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият дошта, шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ин минтақа дидан менамоянд.

© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Ҳамчунин, Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз иштирок кардааст.
Академияи футболи ВМКБ дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ – болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.
Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд, афзуд манбаъ.