https://sputnik.tj/20261108/kishvarho-osiyo-markaz-hadaf-shariki-amniyat-afghoniston-1081932729.html
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи шарикии амниятӣ бо Афғонистонро доранд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи шарикии амниятӣ бо Афғонистонро доранд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳанд дод
2026-11-08T16:39+0500
2026-11-08T16:39+0500
2026-11-08T16:39+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1d/1070563425_0:319:3074:2048_1920x0_80_0_0_4456082649f08e3ab150ece0fbe2bb66.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки бо Афғонистон дар самти амният ва мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд. Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи тамосии намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.Ҳайатҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Иштирокчиёни ҷаласа таваҷҷӯҳи худро ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карданд. Аҳамияти ҳамкорӣ бо мақомоти кунунии Афғонистон бо назардошти манфиатҳо ва афзалиятҳои миллии кишварҳои минтақа таъкид шуд. Ҷонибҳо инчунин дар бораи вазъи низомӣ-сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва ба вазъи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва таъсири ин вазъият ба субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карданд. Ғайр аз ин, дурнамои лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва башардӯстона баррасӣ шуданд. Пас аз мулоқот, барои татбиқи самараноки ҳадафҳо ва қарорҳои қабулкардаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи идомаи машваратҳои мунтазам дар ин формат ба мувофиқа расиданд.
https://sputnik.tj/20261104/barnoma-saad-marz-tojikiston-afghoniston-1081783345.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1d/1070563425_240:0:2971:2048_1920x0_80_0_0_d88c8a7e97f1125045834708cef16719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, амният ва мудофиа
афғонистон, осиёи марказӣ, амният ва мудофиа
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи шарикии амниятӣ бо Афғонистонро доранд
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки бо Афғонистон дар самти амният ва мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд.
Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи тамосии намояндагони махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.
Ҳайатҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Иштирокчиёни ҷаласа таваҷҷӯҳи худро ба ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ, терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карданд.
Аҳамияти ҳамкорӣ бо мақомоти кунунии Афғонистон бо назардошти манфиатҳо ва афзалиятҳои миллии кишварҳои минтақа таъкид шуд.
Ҷонибҳо инчунин дар бораи вазъи низомӣ-сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва ба вазъи табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва таъсири ин вазъият ба субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карданд.
Ғайр аз ин, дурнамои лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, логистикӣ ва башардӯстона баррасӣ шуданд.
Пас аз мулоқот, барои татбиқи самараноки ҳадафҳо ва қарорҳои қабулкардаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи идомаи машваратҳои мунтазам дар ин формат ба мувофиқа расиданд.