https://sputnik.tj/20261105/jinoyot-doro-khususiyai-terroristi-ekstremisti-tojikiston-kam-dodsitoni-1081827080.html
Ҷиноёти дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон кам шудааст - Додситонӣ
Ҷиноёти дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон кам шудааст - Додситонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муҳим шуморида шуд, ки сабабу шароити ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ дар ҳар ҳолати мушаххас мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад
2026-11-05T10:51+0500
2026-11-05T10:51+0500
2026-11-05T10:51+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
додситони кулл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060871602_0:128:1280:848_1920x0_80_0_0_b946d289d3f9870294df2ba48241439b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя - Sputnik. Сабти ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон кам шудааст, аммо хавф пурра бартараф нашудааст.Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. - Додситонии кулли ҷумҳурӣ таъкид шудааст, хабар дод Додситонии кулли ҷумҳурӣ.Ба иттилои манбаъ, коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои оморӣ ҳанӯз маънои пурра бартараф гардидани хавфу таҳдидҳоро надошта, тақозо менамояд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо пайваста тақвият дода шавад.Таъкид шудааст, ки пайвастшавии баъзе ҷавонон ва хонандагону донишҷӯён ба ташкилоти террористию экстремистӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.Муҳим шуморида шуд, ки сабабу шароити ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ дар ҳар ҳолати мушаххас мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ва пешгирии он чораҳо андешида шавад, афзуд Додситонии кулли Тоҷикистон.Таъкид шудааст, ки бо рушди фазои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани имконияти нав, хавфҳои марбут ба киберҷинояткорӣ, қаллобии интернетӣ ва тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро ба миён оварда, чунин ҷиноятҳо хусусияти фаромарзӣ ва сатҳи баланди ниҳонӣ касб карда истодаанд.Дар ин замина масъалаи пешгирии қаллобии интернетӣ, ҳифзи маблағҳои шаҳрвандон аз тасарруф тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, баланд бардоштани амнияти иттилоотӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути интернет мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20261102/tojikiston-sath-jinoyatkori-kohish-yoftaast-1081728586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060871602_10:0:1147:853_1920x0_80_0_0_68ed595f0825ab97d9e29c3d82b20a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, додситони кулл
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, додситони кулл
Ҷиноёти дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон кам шудааст - Додситонӣ
Муҳим шуморида шуд, ки сабабу шароити ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ дар ҳар ҳолати мушаххас мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад
ДУШАНБЕ, 5 ноя - Sputnik. Сабти ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар Тоҷикистон кам шудааст, аммо хавф пурра бартараф нашудааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. - Додситонии кулли ҷумҳурӣ таъкид шудааст, хабар дод Додситонии кулли ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, коҳиш ёфтани нишондиҳандаҳои оморӣ ҳанӯз маънои пурра бартараф гардидани хавфу таҳдидҳоро надошта, тақозо менамояд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти пешгирии чунин ҷиноятҳо пайваста тақвият дода шавад.
Таъкид шудааст, ки пайвастшавии баъзе ҷавонон ва хонандагону донишҷӯён ба ташкилоти террористию экстремистӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.
"Самаранокии кофтукови шахсони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ дар ҷустуҷӯ қарордошта ба беҳбудӣ ниёз дорад",- таъкид шудаст дар ҷаласа.
Муҳим шуморида шуд, ки сабабу шароити ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ дар ҳар ҳолати мушаххас мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ва пешгирии он чораҳо андешида шавад, афзуд Додситонии кулли Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки бо рушди фазои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани имконияти нав, хавфҳои марбут ба киберҷинояткорӣ, қаллобии интернетӣ ва тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро ба миён оварда, чунин ҷиноятҳо хусусияти фаромарзӣ ва сатҳи баланди ниҳонӣ касб карда истодаанд.
Дар ин замина масъалаи пешгирии қаллобии интернетӣ, ҳифзи маблағҳои шаҳрвандон аз тасарруф тавассути кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, баланд бардоштани амнияти иттилоотӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути интернет мавриди муҳокима қарор гирифтанд.