Аз иқтисод то фарҳангу маориф: Рустами Эмомалӣ дар Узбекистон бо Мирзиёев мулоқот кард

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана принял Председателя Маджлиси милли парламента Таджикистана.
Президент Узбекистана принял Председателя Маджлиси милли парламента Таджикистана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Узбекистон нақша доранд, ки ҳамкориҳоро боз бештар карда, гардиши молро ба ду миллард доллар расонанд
ДУШАНБЕ, 5 ноя - Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар доираи сафарир расмияш ба Узбекистон бо раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.
Аз сатҳи баланди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, густариши гардиши савдои дуҷониба, ҷалби сармоягузориҳои мустақим ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, бахусус, дар соҳаи маориф, муҳим шуморида шуд.
Дар идомаи ин сафар раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон Танзила Норбоева, раиси Сенати Ӯзбекистон мулоқот кард.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо аҳамияти андешидани чораҳои мушаххасро барои афзоиши гардиши мол байни ду кишвар то 2 млрд доллар таъкид карданд.
Производство лекарств на фармацевтическом предприятии.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Тоҷикистону Узбекистон якҷо дорӯ тавлид мекунанд
Дар ин робита, илова бар густариши тиҷорати фаромарзӣ, Тоҷикистон ва Узбекистон тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ ва энергетикӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, Рустам Эмомалӣ ва Норбоева доираи васеи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, онҳо зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва бахши IT-ро қайд карданд.
Онҳо инчунин дар бораи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карда, садоқати худро барои таҳкими сулҳ, субот ва амният дар Осиёи Марказӣ изҳор карданд.
Хотиррасон мекунем, ки 4 ноябр Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт. Ҳадафи асосии ин сафар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории амалии ду кишвар буд.
Лентаи хабарҳо
0