Тоҷикистону Узбекистон якҷо дорӯ тавлид мекунанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПроизводство лекарств на фармацевтическом предприятии.
Производство лекарств на фармацевтическом предприятии.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикисну Узбекистон дар Тошканд вазъи саноати дорусозӣ дар ҳарду кишвар, имкониятҳои ҳамкорӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ байни корхонаҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбекистон ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаи дорусозӣ густариш диҳанд.
Дар ин бора сомонаи “UzDaily.uz” дар истинод ба Агентии рушди саноати тиббӣ ва дорусозии Узбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тавофуқи мазкур истеҳсолоти муштараки дору, маҳаллисозии доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ, мубодилаи технологияҳо ва лоиҳаҳои сармоягузориро дар бар мегирад.
Музокирот ахиран дар Тошканд дар доираи Форуми тиҷоратии Узбекистону Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Директори Агентӣ Абдулло Азизов бо ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Юсуфӣ Саломуддин дидору гуфтугӯ кардааст.
Дар ин фору намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, КВД "Экспертиза ва санҷиши маҳсулоти дорусозӣ ва тиббӣ" ва ширкатҳои дорусозӣ аз ҳарду кишвар иштирок карданд.
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиббиро ба сатҳи нав мебароранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои тиббиро ба сатҳи нав мебароранд.
Иштирокчиён вазъи саноати дорусозӣ дар ҳарду кишвар, имкониятҳои ҳамкорӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ байни корхонаҳоро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба афзоиши содироти доруворӣ, лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва маҳаллисозии истеҳсоли доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ равона карда шуд.
Ҳайати Тоҷикистон аз кластери дорусозии BioPharma City боздид кард.
Намояндагони тоҷик бо иншооти истеҳсолӣ, инфрасохтор ва лоиҳаҳои маҳаллисозии истеҳсолот шинос шуданд. Онҳо инчунин дар бораи сохтмони Донишгоҳи техникии дорусозӣ маълумот гирифтанд.
Дар доираи форум вохӯриҳои B2B байни истеҳсолкунандагони узбек ва ширкатҳои тоҷик баргузор шуданд. Ҷонибҳо масъалаҳои таъмини маҳсулоти узбекистонӣ ба бозори Тоҷикистон, афзоиши тиҷорати мутақобила, интиқоли технология ва таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Пас аз мулоқот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои мустақимро байни истеҳсолкунандагони ду кишвар тақвият диҳанд ва музокиротро дар бораи лоиҳаҳои муштараки мушаххас дар бахши дорусозӣ идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0