https://sputnik.tj/20261105/idoma-safar-kor-rustam-emomali-uzbekiston-1081833278.html
Мирзиёев ба Рустами Эмомалӣ орден дод
Мирзиёев ба Рустами Эмомалӣ орден дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари корӣ ба Узбекистон раиси ҷумхури ин кишвар Рустами Эмомалиро бо ордени "барои хизмати фидокорона" сарфароз гардонд
2026-11-05T13:21+0500
2026-11-05T13:21+0500
2026-11-05T13:34+0500
рустам эмомалӣ
шавкат мирзиёев
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
бухоро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/05/1081834251_0:125:2560:1566_1920x0_80_0_0_559feb772b83cbc6b2433454d36c485d.jpg
Душанбе,5 окт- Sputnik Дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод.Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ бо Шавкат Мирзиеёв раиси ҷумхурии Ӯзбекистон масоили мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву тиҷоратиро баррасӣ кард.Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.Пас аз мулоқот Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Рустами Эмомалиро бо ордени "Барои хизмати фидокорона" сарфароз гардониданд Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчуби сафари худ ба Ӯзбекистон ба шаҳри Бухоро рафт.Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро ӯро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон, Ҳокими вилояти Бухоро, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.Хотиррасон мекунем, ки 4 ноябр Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт. Ҳадафи асосии ин сафар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории амалии ду кишвар буд.
https://sputnik.tj/20261105/iqtisod-farhang-maorif-rustam-emomali-uzbekiston-mirziyoev-muloqot-1081822590.html
ӯзбекистон
бухоро
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/05/1081834251_162:0:2437:1706_1920x0_80_0_0_fab4f00beef2e627fccb754241f1b70a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустам эмомалӣ, шавкат мирзиёев, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, бухоро
рустам эмомалӣ, шавкат мирзиёев, дар тоҷикистон, ӯзбекистон, бухоро
Мирзиёев ба Рустами Эмомалӣ орден дод
13:21 05.11.2026 (Навсозишуда: 13:34 05.11.2026) Дар доираи сафари корӣ ба Узбекистон раиси ҷумхури ин кишвар Рустами Эмомалиро бо ордени "барои хизмати фидокорона" сарфароз гардонд
Душанбе,5 окт- Sputnik Дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод.
Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ бо Шавкат Мирзиеёв раиси ҷумхурии Ӯзбекистон масоили мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву тиҷоратиро баррасӣ кард.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро риштаҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҳам пайваста, таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба дар меҳвари сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар қарор дорад.
Пас аз мулоқот Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Рустами Эмомалиро бо ордени "Барои хизмати фидокорона" сарфароз гардониданд
Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчуби сафари худ ба Ӯзбекистон ба шаҳри Бухоро рафт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро ӯро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон, Ҳокими вилояти Бухоро, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.
Хотиррасон мекунем, ки 4 ноябр Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт. Ҳадафи асосии ин сафар тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории амалии ду кишвар буд.