https://sputnik.tj/20261104/rustam-emomali-safar-rasmi-uzbekiston-raft-1081795226.html
Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт
Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе пас аз адои расмиёти пазириш аллакай аз фаъолияти Дирексияи сохтмони "Тошканди Нав" боздид кардааст
2026-11-04T11:55+0500
2026-11-04T11:55+0500
2026-11-04T11:55+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
рустами эмомалӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067495507_0:240:853:720_1920x0_80_0_0_2101bd1cc9c29ad252fb4dcc35510c5b.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, имрӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон рафтанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар доданд.Дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар Фурудгоҳи байналмилалии "Тошканд" ба номи Ислом Каримов шаҳрдори Душанберо муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.Рустами Эмомалӣ аллакай бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи "Узбекистони Нав" гулчанбар гузоштааст.Ба гузориши расонаҳои узбекӣ, пас аз гулгузорӣ ба ҳайати Тоҷикистон фаъолияти Дирексияи сохтмони "Тошканди Нав"-ро нишон додаанд. Ба онҳо дар бораи лоиҳаи бузурги рушди шаҳрӣ, ки дар ин кишвар амалӣ мешавад, консепсияи сохтмон, рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва коммуналӣ, инчунин сохтмони фазоҳои сабз ва иншооти иҷтимоӣ маълумот дода шудааст. Ҳайат инчунин аз Донишгоҳи "Ӯзбекистони Нав" боздид кард, ки дар он ҷо бо фаъолияти муассиса, системаи ташкили раванди таълим ва инфрасохтори муосири таълимии он шинос шудаанд.
https://sputnik.tj/20260916/safari-du-million-gardishgari-tojik-uzbekiston-1080467504.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067495507_0:209:853:849_1920x0_80_0_0_40f2d9269925b97e1b31c68cb8c0e6a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, рустами эмомалӣ, сиёсат
дар тоҷикистон, узбекистон, рустами эмомалӣ, сиёсат
Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафт
Шаҳрдори Душанбе пас аз адои расмиёти пазириш аллакай аз фаъолияти Дирексияи сохтмони "Тошканди Нав" боздид кардааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Рустами Эмомалӣ, имрӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон рафтанд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии "Тошканд" ба номи Ислом Каримов шаҳрдори Душанберо муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Рустами Эмомалӣ аллакай бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи "Узбекистони Нав" гулчанбар гузоштааст.
Ба гузориши расонаҳои узбекӣ, пас аз гулгузорӣ ба ҳайати Тоҷикистон фаъолияти Дирексияи сохтмони "Тошканди Нав"-ро нишон додаанд.
Ба онҳо дар бораи лоиҳаи бузурги рушди шаҳрӣ, ки дар ин кишвар амалӣ мешавад, консепсияи сохтмон, рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва коммуналӣ, инчунин сохтмони фазоҳои сабз ва иншооти иҷтимоӣ маълумот дода шудааст.
Ҳайат инчунин аз Донишгоҳи "Ӯзбекистони Нав" боздид кард, ки дар он ҷо бо фаъолияти муассиса, системаи ташкили раванди таълим ва инфрасохтори муосири таълимии он шинос шудаанд.