Сафари беш аз ду миллион гардишгари тоҷик ба Узбекистон

© Sputnik / Бахром ХатамовТуристы в Узбекистане.
Туристы в Узбекистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2026
Обуна шудан
Дар ҳашт моҳ беш аз 2 милюн гардишгари тоҷик ба Узбекистон сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Бар асоси омори расмии давлати Узбекистон, дар ҳашт моҳи аввали соли ҷории милодӣ, аз январ то августи соли 2026, 2 миллиону 25 ҳазор гардишгар аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардаанд.
Оҷонсии омори Узбекистон эълом кардааст, ки дар маҷмӯ тайи ҳашт моҳи нахусти соли 2026, 9 миллиону 102 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз ин кишвар боздид кардаанд.
Ин рақам дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта, ҳудуди 1,6 миллион нафар, муодили 21,1%, афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат, бештарини шумори гардишгарони вурудӣ ба Узбекистон аз Қирғизистон бо 2 миллион ва 524,3 ҳазор нафари ва Қазоқистон бо 2 миллион ва 171,5 ҳазор нафар будааст.
Тоҷикистон бо беш аз ду миллион гардишгар дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтааст.
Туристы в Гиссарской крепости, Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2025
Миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардааст
Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки расонаҳои узбекистонӣ соли гузашта гузориш дода буданд дар ҳашт моҳи нахусти соли 2025, ҳудуди 1,7 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардаанд.
Бар ин асос, шумори сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Узбекистон дар ҳашт моҳи нахусти соли 2026 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта , ҳудуди 326 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0