https://sputnik.tj/20261104/barqkushi-talafot-kam-dushanbe-zeristogoh-nav-barq-mesozad-1081804671.html
Барқкушиву талафот камтар мешавад: Дар Душанбе зеристогоҳи нави барқӣ месозад
Барқкушиву талафот камтар мешавад: Дар Душанбе зеристогоҳи нави барқӣ месозад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз бунёди зеристгоҳ баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти барқи шаҳри Душанбе, коҳиш додани сарбории шабакаҳои амалкунанда аст
2026-11-04T15:21+0500
2026-11-04T15:21+0500
2026-11-04T15:21+0500
барқ
дар тоҷикистон
душанбе
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081447557_0:117:1260:826_1920x0_80_0_0_0e580a349705092f47c3e46277f40278.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Шаҳри Душане соҳиби зеристоги нави барқии боқудрат мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии "Боғи Ғалаба" (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) барои бунёди зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ санги асос гузошта шуд.Дар ин маросим вазири энержӣ ва зоҳираҳои оби Ҷумҳури Тоҷикистон Далер Ҷума, муовини райи шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, директори генералии Шабакаҳои интиқоли барқ Мирзо Маҳмудзода ва дигар шахсони расми иштирок карданд. Зимни муаррифии лоиҳа иттило дода шудааст, ки зеристгог бо маблағузории ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷопон бунёд мешавад. Ба гузориши котиботи вазорат, сохтмони иншот дар доираи накшаи рушди соҳаи энергетики барои солхои 2022-2030 амалӣ мегардад ва он аз ҷониби ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" сохта мешавад. Тибқи нақша, зеристгоҳи нав моҳи августи соли 2028 ба истифода дода мешавад. Зимни суҳбат бо сохтмончиён вазир ба зарурати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони зеристгоҳ таъкид кардааст.Маврид ба зикр аст, ки ҳамчунин дар пойтахт сохтмонии зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ "Ғарбӣ" идома дорад.Дар доираи лоиҳа, инчунин сохтмони хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии "Регар-500" то зеристгоҳи "Ғарбӣ" пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20261101/istehsol-barq-tojikiston-kam-shudaast-1081718459.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081447557_54:0:1155:826_1920x0_80_0_0_a2f6fdd71f698f0ce3feaef49aa25859.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқ, дар тоҷикистон, душанбе, вазорати энергетика ва захираҳои об
барқ, дар тоҷикистон, душанбе, вазорати энергетика ва захираҳои об
Барқкушиву талафот камтар мешавад: Дар Душанбе зеристогоҳи нави барқӣ месозад
Ҳадаф аз бунёди зеристгоҳ баланд бардоштани эътимоднокӣ ва устувории таъминоти барқи шаҳри Душанбе, коҳиш додани сарбории шабакаҳои амалкунанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикии пойтахт дониста шуд
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Шаҳри Душане соҳиби зеристоги нави барқии боқудрат мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии "Боғи Ғалаба" (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) барои бунёди зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ санги асос гузошта шуд.
Дар ин маросим вазири энержӣ ва зоҳираҳои оби Ҷумҳури Тоҷикистон Далер Ҷума, муовини райи шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, директори генералии Шабакаҳои интиқоли барқ Мирзо Маҳмудзода ва дигар шахсони расми иштирок карданд.
Зимни муаррифии лоиҳа иттило дода шудааст, ки зеристгог бо маблағузории ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷопон бунёд мешавад.
Ба гузориши котиботи вазорат, сохтмони иншот дар доираи накшаи рушди соҳаи энергетики барои солхои 2022-2030 амалӣ мегардад ва он аз ҷониби ширкати "Тоҷикгидроэлектромонтаж" сохта мешавад.
"Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, коҳиш додани талафоти техникии неруи барқ ва кам кардани сарбории зеристгоҳҳо ва хатҳои амалкунандаи интиқоли барқи 110-220 кВ мебошад",- афзудааст манбаъ.
Тибқи нақша, зеристгоҳи нав моҳи августи соли 2028 ба истифода дода мешавад.
Зимни суҳбат бо сохтмончиён вазир ба зарурати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони зеристгоҳ таъкид кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамчунин дар пойтахт сохтмонии зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ "Ғарбӣ" идома дорад.
Дар доираи лоиҳа, инчунин сохтмони хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ аз зеристгоҳи барқии "Регар-500" то зеристгоҳи "Ғарбӣ" пешбинӣ шудааст.