https://sputnik.tj/20261101/istehsol-barq-tojikiston-kam-shudaast-1081718459.html
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон камтар шудааст
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон камтар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон дар умум сар аз аввали сол барқи камтар истеҳсол кардаанд, аммо истеҳсол аз нерӯгоҳҳои фтобӣ якбора афзудааст
2026-11-01T15:18+0500
2026-11-01T15:18+0500
2026-11-01T15:18+0500
дар тоҷикистон
барқ
истеҳсол
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075155764_0:377:2970:2048_1920x0_80_0_0_cae5e01f7f3df08911ca158cf1c5f6e2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ коҳиш ёфтааст.Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 18,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, хабар дод Агентии омор.Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2% камтар аст.Гуфта мешавад, дар ин давара зиёда аз 17,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои обӣ ва 969 млн кВт/соат аз марказҳои гармидиҳанда истеҳсол шудааст.Ҳамин тариқ ҳаҷми тавлиди нерӯи ҳароратӣ аз аввали соли ҷорӣ 750 ҳазор Гкалро ташкил дод. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7,6% кам аст.Истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон якбора 7,5 баробар афзудааст. Агар ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи соли гузашта 0,7 млн кВт соат нерӯи офтобӣ истеҳсол карда бошад, дар ин муҳлат соли ҷорӣ 5,6 млн кВт соат истеҳсол шудааст.Сабаби афзоиши якбораи истеҳсоли нерӯи офтобӣ ба истифода додани нерӯгоҳи бузурги офтобӣ дар ноҳияи Ашт аст.Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 250 мегаватт дар деҳаи Шайдон моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфт ва худи ин макон масоҳати 793 гектарро ташкил медиҳад, ки ахиран бо ҳузури раисҷумҳури кишвар ба кор даромад.Хадамоти матбуоти президент таъкид кард, ки сохтмони чунин як иншооти бузург дар ноҳияи Ашт як қадами муҳим дар рушди соҳа ва истифодаи васеъи манбаъҳои барқароршавандаи энергия буд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди он мебошад.
https://sputnik.tj/20261101/chand-korgar-nerugoh-roghun-zanon-1081706744.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075155764_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_ec2eb3bb73cbb95c78e82e8a0348dd13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, истеҳсол, омор
дар тоҷикистон, барқ, истеҳсол, омор
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон камтар шудааст
Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон дар умум сар аз аввали сол барқи камтар истеҳсол кардаанд, аммо истеҳсол аз нерӯгоҳҳои фтобӣ якбора афзудааст
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ коҳиш ёфтааст.
Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 18,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, хабар дод Агентии омор.
Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2% камтар аст.
Гуфта мешавад, дар ин давара зиёда аз 17,8 млрд кВт/соат нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои обӣ ва 969 млн кВт/соат аз марказҳои гармидиҳанда истеҳсол шудааст.
Ҳамин тариқ ҳаҷми тавлиди нерӯи ҳароратӣ аз аввали соли ҷорӣ 750 ҳазор Гкалро ташкил дод. Ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 7,6% кам аст.
Истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон якбора 7,5 баробар афзудааст.
Агар ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи соли гузашта 0,7 млн кВт соат нерӯи офтобӣ истеҳсол карда бошад, дар ин муҳлат соли ҷорӣ 5,6 млн кВт соат истеҳсол шудааст.
Сабаби афзоиши якбораи истеҳсоли нерӯи офтобӣ ба истифода додани нерӯгоҳи бузурги офтобӣ дар ноҳияи Ашт аст.
Сохтмони нерӯгоҳ бо иқтидори 250 мегаватт дар деҳаи Шайдон моҳи ноябри соли 2023 оғоз ёфт ва худи ин макон масоҳати 793 гектарро ташкил медиҳад, ки ахиран бо ҳузури раисҷумҳури кишвар ба кор даромад.
Хадамоти матбуоти президент таъкид кард, ки сохтмони чунин як иншооти бузург дар ноҳияи Ашт як қадами муҳим дар рушди соҳа ва истифодаи васеъи манбаъҳои барқароршавандаи энергия буд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки рушди он мебошад.