https://sputnik.tj/20261103/voridot-gandum-tojikiston-afzudaast-qazoqiston-furushanda-asosi-1081748879.html
Воридоти гандум ба Тоҷикистон афзудааст: Қазоқистон фурӯшандаи асосӣ
Воридоти гандум ба Тоҷикистон афзудааст: Қазоқистон фурӯшандаи асосӣ
Sputnik Тоҷикистон
Таъминкунандаи асосӣ кишварҳои узви ИИАО, пеш аз ҳама Қазоқистон аст, ки тацрибан як миллион тоннааш ба он рост меояд
2026-11-03T09:31+0500
2026-11-03T09:31+0500
2026-11-03T09:31+0500
дар тоҷикистон
гандум
воридот
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/10/1066998714_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_fb4372bb332c53dacc51f55629fac3da.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Тоҷикистон воридоти гандум аз хориҷаро афзоиш додааст.Ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи гузашта беш аз 1 млн тонна гандум харид кардааст, хабар дод Агентии омрори кишвар. Ба иттилои манбаъ, маблағи гандуми воридотӣ дар январ - сентябри соли равон қариби 267 млн долларро ташкил додааст.Ин аз рӯи вазн 8% ва аз рӯи арзиш қариби 24% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод агентӣ.Таъминкунандаи асосӣ кишварҳои узви ИИАО, пеш аз ҳама Қазоқистон мебошад.Ба иттилои манбаъ, ҳудуди 998 ҳазор тонна гандум ба маблағи 264 млн долларро воридот ба ин кишвар рост меояд.Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 944 ҳазор тонна ба маблағи 223 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.Тоҷикистон ҳарчанд талош дорад, ки вобастагияшро дар ин самт камтар кунад, аммо ин вазъ сол аз сол душвортар мешавад.Кишоварзони ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ аз 182 ҳазору 252 гектар бештар аз 700 ҳазор тонна гардум истеҳсол кардаанд, ки ҳатто нисфи талаботи дохилӣ нест.Бар асоси барномаи тасдиқкардаи ҳукумат, қарор аст, ки бештар аз нисфи талаботи дохилӣ истеҳсоли худб бошад. Бинобар ин тибқи нақша бояд дар ҷумҳурӣ соли 2027 ҳудуди 859 ҳазор тонна, 2028 дар сатҳи 884 ва соли 2029 бояд 936 ҳазор тонна ганду истеҳсол карда шавад.Тибқи гузоришҳо тавлидоти дохилии ҷумҳурӣ тақрибан 40% аз талаботро мепӯшонад ва ҷумҳурӣ дар ин маврид вобастаи воридот аст.Ба асоси додаҳои мақомот, ширкатҳои ҶДММ “Дурахши Осиё”, ҶДММ “Сахад”, ҶДММ “Таҷ Тур” воридкунандагони асосии гандум ба кишвар мебошанд.
https://sputnik.tj/20260921/istehsol-gandum-tojikiston-nisf-talabot-dokhili-nest-1080562778.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/10/1066998714_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7fb1772204cdc43f52d06860aae5e1d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гандум, воридот, қазоқистон
дар тоҷикистон, гандум, воридот, қазоқистон
Воридоти гандум ба Тоҷикистон афзудааст: Қазоқистон фурӯшандаи асосӣ
Таъминкунандаи асосӣ кишварҳои узви ИИАО, пеш аз ҳама Қазоқистон аст, ки тацрибан як миллион тоннааш ба он рост меояд
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Тоҷикистон воридоти гандум аз хориҷаро афзоиш додааст.
Ҷумҳурӣ дар нуҳмоҳаи гузашта беш аз 1 млн тонна гандум харид кардааст, хабар дод Агентии омрори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, маблағи гандуми воридотӣ дар январ - сентябри соли равон қариби 267 млн долларро ташкил додааст.
Ин аз рӯи вазн 8% ва аз рӯи арзиш қариби 24% афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод агентӣ.
Таъминкунандаи асосӣ кишварҳои узви ИИАО, пеш аз ҳама Қазоқистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳудуди 998 ҳазор тонна гандум ба маблағи 264 млн долларро воридот ба ин кишвар рост меояд.
Ин нишондиҳанда дар январ - сентябри соли гузашта 944 ҳазор тонна ба маблағи 223 млн долларро ташкил дода буд, бармеояд аз додаҳои гумруки Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҳарчанд талош дорад, ки вобастагияшро дар ин самт камтар кунад, аммо ин вазъ сол аз сол душвортар мешавад.
Кишоварзони ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ аз 182 ҳазору 252 гектар бештар аз 700 ҳазор тонна гардум истеҳсол кардаанд, ки ҳатто нисфи талаботи дохилӣ нест.
Бар асоси барномаи тасдиқкардаи ҳукумат, қарор аст, ки бештар аз нисфи талаботи дохилӣ истеҳсоли худб бошад.
Бинобар ин тибқи нақша бояд дар ҷумҳурӣ соли 2027 ҳудуди 859 ҳазор тонна, 2028 дар сатҳи 884 ва соли 2029 бояд 936 ҳазор тонна ганду истеҳсол карда шавад.
Тибқи гузоришҳо тавлидоти дохилии ҷумҳурӣ тақрибан 40% аз талаботро мепӯшонад ва ҷумҳурӣ дар ин маврид вобастаи воридот аст.
Ба асоси додаҳои мақомот, ширкатҳои ҶДММ “Дурахши Осиё”, ҶДММ “Сахад”, ҶДММ “Таҷ Тур” воридкунандагони асосии гандум ба кишвар мебошанд.