Истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон ба 614 ҳазор тонна расид: ҳатто нисфи талаботи дохилӣ нест

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкУборка урожая пшеницы в Крыму
Уборка урожая пшеницы в Крыму - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Обуна шудан
Бар асоси барномаи тасдиқкардаи ҳукумат, қарор аст, ки бештар аз нисфи талаботи дохилӣ истеҳсоли худб бошад. Бинобар ин тибқи нақша бояд дар ҷумҳурӣ соли 2027 ҳудуди 859 ҳазор тонна, 2028 дар сатҳи 884 ва соли 2029 бояд 936 ҳазор тонна ганду истеҳсол карда шавад
ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Кишоварзон дар Тоҷикистон то даҳави аввали моҳи сентябр 614 ҳазору 254 тонна ҳосили гандум ба даст овардаанд.
Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар то 46-сентнерӣ мебошад, хабар дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, соли 2026 дар Тоҷикистон дар 182 ҳазору 252 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то 11 сентябр 182 ҳазору 095 гектари он даравида шуд.
Таъкид шудааст, ки муҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз имрӯз 20 сентябр оғоз шуда то 20 октябр давом мекунад.
Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум аз нимаи моҳи август то моҳи ноябр фаро мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20 октябр то 10 ноябр кишт карда мешавад.
Бар асоси барномаи тасдиқкардаи ҳукумат, қарор аст, ки бештар аз нисфи талаботи дохилӣ истеҳсоли худб бошад. Бинобар ин тибқи нақша бояд дар ҷумҳурӣ соли 2027 ҳудуди 859 ҳазор тонна, 2028 дар сатҳи 884 ва соли 2029 бояд 936 ҳазор тонна ганду истеҳсол карда шавад.
Обогащение пшеничной муки на Кулябском зерноперерабатывающем комбинате. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Оғози ғанигардонии орди гандум дар Тоҷикистон
Тибқи гузоришҳо тавлидоти дохилии ҷумҳурӣ тақрибан 40% аз талаботро мепӯшонад ва ҷумҳурӣ дар ин маврид вобастаи воридот аст.
Тибқи омори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз январ то июни соли равон, ба кишвар 660,8 ҳазор тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7% зиёдтар аст.
Нархи миёнаи гандуми воридшуда 259 доллар барои як тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёдтар аст.
Тоҷикистон бештар гандумро аз Қазоқистон мехарад ва нақша дорад, ки дар соли ҷорӣ аз ин кишвар 1,3 млн тонна ворид кунад.
Дар ин бора ахиран Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони Корпоратсияи озуқавории Қазоқистон хабар дод.
"Ҳамкории мо аҳамияти калон дорад, зеро масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ҳамеша барои ҳар кишвар авлавият доранд. Мо на танҳо ғалла, балки орд ва равғани офтобпарастро низ ворид мекунем", - хабар дод Sputnik Қазоқистон аз қавли Нурмаҳмад Аҳмадзода.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки соли 2025, Қазоқистон ба Тоҷикистон 1,2 миллион тонна гандум фиристодааст.
Тибқи мулоқоти байни Корпоратсияи озуқавории Қазоқистон ва Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон дар Остона, ин нишондиҳандаи рекордӣ дар панҷ соли охир аст.
Таъкид гардид, ки Қазоқистон анъанавӣ таъминкунандаи асосии гандум ва орд ба Тоҷикистон аст, ки истеҳсоли дохилӣ танҳо тақрибан 40% талаботро қонеъ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0