https://sputnik.tj/20261103/qarib-mond-naqsha-davat-artish-yak-moh-besh-ijro-1081765542.html
Қариб монд: Нақшаи даъват ба артиш дар як моҳ беш аз 97% иҷро шуд
Қариб монд: Нақшаи даъват ба артиш дар як моҳ беш аз 97% иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо гузашти як моҳ аз маъракаи сарбозгирӣ ба артиш ба ҷуз аз вилояти Суғд ва НТМ дигар ҳама манотиқ нақшаро иҷро кардаанд
2026-11-03T11:48+0500
2026-11-03T11:48+0500
2026-11-03T11:50+0500
дар тоҷикистон
артиш
даъват ба хидмат
сарбозгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071724373_0:1:2048:1153_1920x0_80_0_0_aae80cd406b8dd18100a872599ed94c0.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии ба артиши Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.Шаҳру навории кишвар зарфи як моҳи гузашта нақшаи сарбозгириро 97% иҷро кардаанд, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.Дар ин радиф шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудаанд.Вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ нақшаи пешбинигардидаро наздики 92% иҷро намуда аст.Дар ин минтақа шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.Илова бар ин, иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6% баробар мебошад.Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2008 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20260829/rahmon-farmonro-imzo-davati-tiramohi-artishi-tojikiston-1080014336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/03/1071724373_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_3f2806836b7af978e84d9e7ba15a1d73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, артиш, даъват ба хидмат, сарбозгирӣ
дар тоҷикистон, артиш, даъват ба хидмат, сарбозгирӣ
Қариб монд: Нақшаи даъват ба артиш дар як моҳ беш аз 97% иҷро шуд
11:48 03.11.2026 (Навсозишуда: 11:50 03.11.2026) Дар Тоҷикистон бо гузашти як моҳ аз маъракаи сарбозгирӣ ба артиш ба ҷуз аз вилояти Суғд ва НТМ дигар ҳама манотиқ нақшаро иҷро кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии ба артиши Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.
Шаҳру навории кишвар зарфи як моҳи гузашта нақшаи сарбозгириро 97% иҷро кардаанд, хабар медиҳад Вазорати дифои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Дар ин радиф шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудаанд.
Вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ нақшаи пешбинигардидаро наздики 92% иҷро намуда аст.
Дар ин минтақа шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.
Илова бар ин, иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6% баробар мебошад.
Қобили зикр аст, ки даъвату гусели шаҳрвандон ба артиш дар асоси фармони президент "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2008 ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.