https://sputnik.tj/20260829/rahmon-farmonro-imzo-davati-tiramohi-artishi-tojikiston-1080014336.html
Раҳмон фармонро имзо кард: Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шуд
Раҳмон фармонро имзо кард: Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд
2026-08-29T10:21+0500
2026-08-29T10:21+0500
2026-08-29T10:21+0500
дар тоҷикистон
даъват
даъват ба хидмат
даъвати тирамоҳӣ
эмомалӣ раҳмон
фармон
артиш
даъват ба сафи ҳарбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_113:154:1273:807_1920x0_80_0_0_2178197f8bac7c080a92cf64bb550951.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мегардад.Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-уми август имзо кард.Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари кишвар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоёт, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб менамоянд.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
https://sputnik.tj/20260826/amniyati-ozuqavori-sayyohi-rahmon-majlisi-hukumat-1079938057.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064853960_64:0:1118:791_1920x0_80_0_0_95da566cd305ab89a9a250b84b6b3c7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, даъват, даъват ба хидмат, даъвати тирамоҳӣ, эмомалӣ раҳмон, фармон, артиш, даъват ба сафи ҳарбӣ
дар тоҷикистон, даъват, даъват ба хидмат, даъвати тирамоҳӣ, эмомалӣ раҳмон, фармон, артиш, даъват ба сафи ҳарбӣ
Раҳмон фармонро имзо кард: Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон оғоз шуд
Ҷавононе, ки ба синни 18 расидаанд ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, ба аскарӣ даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон омодагиҳо ба даъвати навбатии тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ оғоз мегардад.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-уми август имзо кард.
Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2026 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.
Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари кишвар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.
Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоёт, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи телевизион ва радио омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ тарғиб менамоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.