Дар Суғд нерӯгоҳи бузурги офтобӣ ба кор даромад: 40%-и минтақаро бо барқ таъмин мекунад

© telegram SputnikTjСолнечная электростанция в Аште запустила производство
Солнечная электростанция в Аште запустила производство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳур дастур додааст, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд
ДУШАНБЕ, 21 сент - Sputnik. Бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар шимоли Тоҷикистон бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор гирифт.
Он дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бунёд шуда, раисҷумҳури кишвар зимни сафари корияш ба ин ноҳия онро ифтитоҳ кард, хабар дод дафтари матбуоти президент.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони неругоҳи фотоэлектрикии Ашт бо иқтидори 250 МВт моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Аён энерҷӣ" оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ пурра сохта ба истифода дода шуд.
Неругоҳи мазкур дар масоҳати 793 гектар бунёд гардида, иқтидори пурраи он 250 мегаваттро ташкил медиҳад.
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2026
Мутахассис гуфт, ки Тоҷикистон кай дигар "лимит"-и барқ ҷорӣ намекунад
Таъкид шудааст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи неругоҳи офтобии Ашт корҳои сохтмонию васлкунӣ бо суръати баланд ба роҳ монда шуда, барои пайваст намудани неругоҳи нав ба низоми ягонаи энергетикии кишвар як қатор корҳои муҳимми инфрасохторӣ низ анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла, сохтмони хатти ҳавоии дузанҷираи 220 киловолта бо дарозии 9,8 километр аз неругоҳи мазкур то зеристгоҳи барқии 220/110/6 киловолтаи Ашт ба анҷом расонида шудааст.
Тибқи нақша, то охири соли 2026 иқтидори неругоҳи фотоэлектрикии офтобии Ашт ба 250 мегаватт расонида мешавад
"Бо мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи офтобии Ашт манбаи истеҳсолии неруи барқ дар вилояти Суғд 61 фоиз зиёд гардид. Ин неругоҳи офтобӣ 40 дарсади талаботи вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин хоҳад кард",- афзудааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки роҳандозии ин нерӯгоҳ талаботи нерӯро низ коҳиш медиҳад, зеро қисми асосии неруи барқи вилояти Суғд аз ҷануби кишвар аз масофаи тулонӣ интиқол мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид дастур додааст, ки иловатан неругоҳҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори 700 мегаватт дар вилояти Суғд дар соли 2027 сохта, ба истифода дода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0