https://sputnik.tj/20261103/daromad-khizmatrasoni-mehmonkhon-tarabkhona-1081771208.html
Даромади меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Суғд афзудааст
Даромади меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Суғд афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Даромад аз ҳисоби хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар шимоли Тоҷикистон афзудааст ва ба бовари намояндаи агентии омор имконияти рушди бештар вуҷуд дорад
2026-11-03T13:30+0500
2026-11-03T13:30+0500
2026-11-03T13:30+0500
суғд
ифтитоҳи меҳмонхона
рушди сайёҳӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061027126_0:271:3072:1999_1920x0_80_0_0_0d142d27c53bee2a0c69a1f131cc1e63.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар вилояти Суғд ба 734,5 миллион сомонӣ расидааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3% зиёд мебошад, гуфт Дилором Мӯйдинзода муовини раиси Раёсавти агентии Омори вилоят.Аз ҳаҷми умумии хизматрасонӣ 24,9 млн сомонӣ ба меҳмонхонаҳо ва 709,6 млн сомонӣ ба тарабхонаю ошхонаҳо рост меояд.Мӯйдинзода таъкид намуд, ки рушди ин бахш дар баробари таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои гуногун барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақа низ мусоидат менамояд.“Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва захираҳои табиӣ, рушди минбаъдаи меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар хизматрасониҳо метавонад ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодии минтақа табдил ёбад”-гуфт манбаъ. Зимни сафари кории президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд танҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тарабхонаи замонавӣ ба номи "Қасри Диёр" бо 45 ҷойи корӣ, тарабхонаи замонавӣ ба номи "Осиё" бо 75 ҷойи корӣ кушода шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан маҷмаъаи 18 ошёна, ки дорои меҳмонхона ва тарабхона аст, ба истифода дода шуд.
https://sputnik.tj/20261019/sahmi-viloyati-sugd-hajmi-umumi-sodirot-afzud-1081340920.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/16/1061027126_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1b37f7b292b7cf290379ae257e8b2135.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, ифтитоҳи меҳмонхона, рушди сайёҳӣ, иқтисод
суғд, ифтитоҳи меҳмонхона, рушди сайёҳӣ, иқтисод
Даромади меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Суғд афзудааст
Даромад аз ҳисоби хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар шимоли Тоҷикистон афзудааст ва ба бовари намояндаи агентии омор имконияти рушди бештар вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар вилояти Суғд ба 734,5 миллион сомонӣ расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3% зиёд мебошад, гуфт Дилором Мӯйдинзода муовини раиси Раёсавти агентии Омори вилоят.
Аз ҳаҷми умумии хизматрасонӣ 24,9 млн сомонӣ ба меҳмонхонаҳо ва 709,6 млн сомонӣ ба тарабхонаю ошхонаҳо рост меояд.
Мӯйдинзода таъкид намуд, ки рушди ин бахш дар баробари таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои гуногун барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақа низ мусоидат менамояд.
“Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва захираҳои табиӣ, рушди минбаъдаи меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар хизматрасониҳо метавонад ба яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодии минтақа табдил ёбад”-гуфт манбаъ.
Зимни сафари кории президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд танҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тарабхонаи замонавӣ ба номи "Қасри Диёр" бо 45 ҷойи корӣ, тарабхонаи замонавӣ ба номи "Осиё" бо 75 ҷойи корӣ кушода шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан маҷмаъаи 18 ошёна, ки дорои меҳмонхона ва тарабхона аст, ба истифода дода шуд.